Дар Чин Конфронс оид ба тиҷорати рақамӣ байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд

27 июн дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Конфронс оид ба тиҷорати рақамӣ байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода иштирок намуда, оид ба дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Дар конфронс масъалаҳои муҳими тиҷорати рақамӣ байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла рушди савдои электронии интернетӣ, беҳтар гардидани инфрасохтори рақамӣ ва таҳкими ҳамкориии байнидавлатӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ муҳокима гардиданд.

Намояндагони мамлакатҳои мухталиф таҷрибаи худро муаррифӣ карда, стратегияҳоро баррасӣ намуданд, ки ба сода ва тезондани раванди тиҷорати рақамӣ равона шудаанд.

Аҳлиддин Нуриддинзода вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, даъват намуд, ки ширкатҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкориро бо Тоҷикистон дар ин самт ба роҳ монанд.