ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз баргузории «Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва Фестивали Оши палав»
Нашр шуд. Пан, 14/09/2023 - 20:24
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ» — и шаҳри Душанбе «Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва Фестивали Оши палав» доир гардид, ки дар он намояндагони баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, роҳбарон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо, намояндагону кишоварзони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар»-ро аз ҷараёни баргузории намоиши мазкур пешниҳоди хонандагон мегардонем.