Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон мақоми 7-умро касб кард
Нашр шуд. Шан, 12/08/2017 - 15:58
Дар пойтахти Британияи Кабир шаҳри Лондон Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ҳамоно идома дорад. Дирӯз дар даври ниҳоии гурзандозӣ варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 77.22 метр мақоми ҳафтумро касб кард.
Даври ниҳоии сабқати гурзандозӣ, ки бо иштироки 12- варзишгари зӯртарини ҷаҳон баргузор шуд, ки миёни онҳо варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров ҳам ҳунар озмуд. Аммо натиҷаи беҳтарини нишондоди ӯ 77.22 метрро ташкил дод. Бо ин нишондод қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 танҳо дар мақоми 7-ум қарор гирифт. Дар сабқати ниҳоӣ Павел Файдек аз Полша бо натиҷаи 79.81 метр мақоми аввалро касб кард. Дар зинаи 2-юм Валерий Пронкин бо натиҷаи 78.16 метр қарор гирифта, бо медали нуқра сарфароз гашт. Варзишгари дигари кишвари Полша Войтсех Новитски бо натиҷаи 78.03 метр дар зинаи севум қарор гирифт. Ба варзишгароне, ки дар ин қувваозмоӣ аз ҷои якум то мақоми 8-умро ишғол карданд, аз ҷониби Кумитаи тадорукот тӯҳфаҳои молӣ низ тақдим гардид. Варзишгари тоҷик Дилшод Назаров бо ишғоли зинаи 7-ум - 5000 доллар мукофотмулӣ дарёфт кард.
ТВ Варзиш