Дӯстӣ ва равобити таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин
Нашр шуд. Душ, 04/09/2017 - 09:46
Басо рамзист, ки вохӯрии навбатии сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар соли ҷашнвораи биступанҷ солагии истиқрори робитаҳои дипломатии миёни ду давлат сурат мегирад.
Ҳангоме, ки Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихобнамудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва онро эътироф кард.
Тоҷикистони муосир қисмати фаъоли низоми равобити байналмилалӣ буда, дар ҳама гӯшаю канори сайёра дӯстони зиёдро пайдо кардааст ва дар байни онҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин мақоми хоссаро доро аст.
Дар кишвари мо Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобанд ва мо аз пешрафту рушди устувори он изҳори хушнудӣ менамоем.
Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар таъмини суботу амнияти глобалӣ нақши созанда дорад.
Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегиранд.
Агар мо ба таърихи муосири ин муносибот назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.
Ҳамдастии ду кишвар айни замон сохтори такмилёфтаеро мемонад, ки ба заминаи мустаҳками сиёсиву иқтисодӣ такя намуда, густариши босуръати ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар ҳама арсаҳои ҳаёт таъмин мекунад.
Дар чунин шакл сурат гирифтани равобити байни ду кишвар ҷавобгуи манфиатҳои дарозмуддати милливу муштараки мо буда, ба таҳкими суботу амният ва рушди минтақа мусоидат мекунад.
Зиёда аз ин, он дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои фарохмиқёси моро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, амният ва чандин соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муайян менамояд.
Бо тақвият ёфтани муносибатҳои гуногунҷанба ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин аҳаммияти робитаҳои фарҳангиву гуманитарии ду кишвар низ дучанд меафзояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон