Зўри мушт аз ваҳдати ангушт меояд ба даст…

(Назаре чанд оид ба масоили муноқишаҳои марзии миёни чумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон)
Саҳфаҳои рангини рўзгор ва равиши зиндагӣ ҳикмату ифодаҳои мантиқии ин дурдонагуфторро дар ҳар давру замон ба шаклу сурате татбиқ менамояд, ки хулосаи интиҳояш аз ибтидо то ба интиҳо мазмуни «Об агар садпора гардад боз бо ҳам ошност»-ро фарогир мебошад. Васлу пайдарҳамӣ ва авлавияту устувории гуфтаҳои ҳамдиливу ҳамраъӣ, сарҷамъиву иттиҳод ва рафоқату баҳамомаданҳо аз равзанае об мехўранд, ки хатми интиҳояш моро ба суйи сулҳу субот ва дастёбии Ваҳдату якпорчагии сартосарӣ раҳнамун месозад.

Гузашти ду даҳаи соҳибдавлатии навин бо назардошти марҳилаҳои душвори замон садоқату дўстдорӣ ва меҳру муҳаббати ватандўстии мардумро ончунон шаклу такмили устувор бахшид, ки натиҷаи воқеъияташро давоми чанд рўзи охир бар асари ғасбу муноқишаҳои марзии ҳамсоякишвар, яке бо иҷрои рисолат, қисме бо сухану гуфтор ва  дигаре бо қурбонии ҷавонмардона амалу талоши бештар карданд.   

Бо иктифои муқаддимаи масоили мавриди назар, мухотаби тафсилотии муҳими дигар ин аст, ки миллати босаодати тоҷик аз рўзи азал на танҳо дар минтақаи Осиёи Миёна ҳамчун қавму қабилаи босаодату накугавҳар, балки дар саросари олам ба сифати як миллати дорои фарзонафарзандони накўноми шуҳратёр шинохтаву дорои эътибори ҷаҳониён гардидааст.

Ҷойи ифтихору сафарозии махсус аст, ки агарчи бунёди Кохи нурбахши «Роғун»  бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбу вуҷуди мардуми диёр ваҳдату ҳамдилии бунёдиро эҷод карда бошад ҳам, вале натиҷаҳои воқеъии поси хотири ҳифозати сарзаминамонро давоми чанд рўзи охир дар фазои интернетӣ, таҳти шиору хитобаи дурбинонаи Сарвари накуномамон «Тоҷикистон ба пеш»-ро амалан дар якҷоягӣ шоҳиди ҳол гардидем, ки ин рафтору кирдори ифтихорӣ таҳсин ба ҳамватанонамони азизамон аст.

Масири зиндагӣ ва далоили таърих дар масъалаҳои буду бош ва сукунати ду миллати ҳамҷавор бо ҳама мадорику арзишҳои бунёдӣ собит намудааст, ки ин манотиқи даргири  марзӣ, ки дар ҳудуди вилоятҳои Суғди Тоҷикистону Бодканди ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир мебошанд, тобеъи кишвари мову ҳаққи тоҷикон асту ва то абад хоҳад монд. Албатта барои хонандаи закӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоиву маълумоти расмӣ пайдост, ки масъалаи аламотгузории хатти марз ҳанўз дар замони Иттиҳоди Шўравӣ муайян гардидаву, барои як муддати муваққат бинобар мушкили обу замин ҷониби Тоҷикистон ин гўшаи диёрашро баҳри эҳтироми ҳаққи ҳамсоядорӣ ба мардуми қирғиз пешкаш намуда буд.

Дар робита ба ин, бо назардошти асноди муайяншудаи мантиқӣ мазмуни суханронии Пешвои муаззами миллат, зимни сафари кории худ ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд басандаву ва як навъ ҳушдорсозии қотеъонаи Сарвари мо ба кулли моликони бонуфузи минтақаву ҷаҳон буд. «Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Як нуктаи муҳимми дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.

Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. Зеро масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд». Илова бар ин, сар аз нимаи дуюми 29-уми апрели соли равон тариқи сӯҳбатҳои телефонии Пешвои муаззами миллат бо роҳбарони кишварҳои минтақа аллакай алангаи оташи ҷанг хомўшу ҳайатҳои расмӣ сари мизи музокироти гуфтугў бо ҳам нишастанд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати сарбаланди тоҷик аз ибтидо то ба ҳанўз дар мавриди ҳалли ҳама гуна мушкилоту носозиҳои манофеъи миллӣ таҳамулпазиру дурандеш ва дорои фарҳанги гиро мебошад. Масири рўзгор ва саҳфаҳои гуногуни давлатдории мо дар чанд ҳолатҳои дигар ба муноқишаи душманони даруниву кишварҳои ғаразнок рў ба рў шиданро низ борҳо  собит намудааст. Вале дар ҳама ҳолат раҳнамову раҳнаварди мо ана ҳамон донишу хирад ва фазлу гавҳари бунёдиамон мебошад, ки моро то ба ҳанўз пешсафу пешкор ва намунаи ибрати ҳамагон гардонидааст.

Муноқиша ва даргирии рўзҳои 28 ва 29-уми апрели соли равон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир табли душманони моро гармтару чеҳраашонро рушантар гардонид. Ин ҳам дар ҳолест, ки Кабирии ватанфурушу Шарофиддини бешараф бо чанде аз гуфтори бемояву бемантиқи худ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мехоҳанд доманаи ин муноқишаҳои ноҷоро васеътару печидатар намоянд. Вале эй хоинони миллат, дигар ягон ҳарфу амалатон боиси тағйиру дигаргун шудани мавқеъи мардуми босаодати тоҷик шуда наметавонад. Зеро аз хурд то ба солхурдатарин мардуми диёр бо таваҷҷуҳу ҷонибдорӣ  аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати  мамлакат, имрўз ҳамагӣ аз як гиребон сар бароварда дар ҳифозату ҳимояи сарзамини аҷдодиянду то абад содиқ хоҳанд монд…. Ин нуктаи мантиқиро ҳамагон хеле хуб медонанду ва бо ҷамъи ҳамроҳонатон ҳам дониста бошед, ки аз азал то ба ҳанўз ҳар ғосибу нохалаф ва ҳар душмани нотавонбине, ки ба ин сарзамини покгавҳар дастдарозиву хости тамаъ намуд, ба чӣ ҳолати ногувору шикасти шармандавор рў ба рў гардидааст.

Паҳлӯи нуктаи аслии мавриди назари дигар ин аст, ки давоми си соли соҳибистиқлолии кишвар тақвияти ватандориву ватандўстии мо тоҷикон зери як чатри мустаҳкаму устувор ва мактаби давлатдории навини Пешвои миллат ончунон рушду такомул ва тарбияту вораста гардид, ки натиҷаи судоварашро ҳамагӣ дар ин чанд рўзи муноқишаҳои умдаи марзӣ бо чашми сар дидему бо ғайрату ғайюриашон низ офарину таҳсини ифтихорӣ ҳам гуфтем. Вале болотар аз ҳама ҳикмати ноёбу мавқеъи ваҳдатофари дигари миллиамон ин нуҳуфтани ана ҳамон нерӯи устувору руҳияи  шикастнопазири ғурури  ниёгонамон ҳаст, ки имрўз бо ҳама тавонмандиву сарсупурданҳои замон ба ҷисму тани ҳар яки мо аз нав омезиш ёфтаву аз ҳарвақтаи дигар қавитару ҷилвагар мегардад.
РS: Миллати босаодати мо дар ҳама давру замон ҳалли ҳама гуна ҷангу ҷидол ва қасду хушунатро бо роҳи таҳамулпазириву хирадгароӣ ва ҳифозати эҳтироми ҳамдигар амалӣ намудаву соҳиби мартаба ва эътибори оламиён гардидааст. Эътимоди қавӣ аст, ки ин навбат ҳам самараи татбиқи чунин таҷрибаҳои пешқадами миллиамон моро ба натиҷаҳои умедбахшу комёбиҳои намоён муваффақ хоҳад гардонид.

Каримзода Ҳақназар Изатулло,
журналист