Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 16-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон муаррифӣ карда шуданд
Аз 7 то 10 феврал дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Намоишгоҳи 16-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон баргузор гардид, ки дар он имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори намоишгоҳ намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд.
Дар гӯшаи сайёҳии мамлакат бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла, иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконоти машғулият бо намудҳои сайёҳии экологӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни бою қадимӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
АМИТ «Ховар»