Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шакли маҳдуд оғоз гардида, дар ҳайати васеъ идома ёфт.
Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарони давлатҳо ва дар ин замина таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, маориф ва сайёҳӣ равона карда шуд.
Сарвазири Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаву дӯстонаи Роҳбарони давлатҳо таҳкими робитаҳоро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба манфиати ҳарду ҷониб арзёбӣ намуд.
Соли 2023 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон зиёда аз 500 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, имконият барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии барои ҷонибҳо афзалиятнок зиёд аст ва ҷиҳати истифодаи пурраи он изҳори омодагӣ карда шуд.
Таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истеҳсоли энергияи «сабз», равнақи робитаҳо дар соҳаи кишоварзӣ тавассути анҷом додани кишту парвариши зироат дар асоси технологияи нав, бахши хусусӣ, нақлиёт, технологияи рақамӣ, маорифу илм, сайёҳӣ ва дигар самтҳо барои ноил шудан ба густариши робитаҳо муфид арзёбӣ гардид.
ар доираи ҷаласа ҷонибҳо барои таҳкими ротибаҳои иқтисодӣ дар бисёр самту соҳаҳо тавассути истифодаи имконияти нав ба мувофиқа расиданд.
Бо татбиқи сиёсати созандаву бобарори Сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба таъмини рушди дучанди ҳамкорӣ замина гузошта мешавад.
Дар охир протоколи дахлдори ҷаласа ба имзо расонида шуд.