ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Раванди овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар мамлакат ба охир расид
Раванди овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар мамлакат хотима ёфт. Натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ, 12 октябри соли 2020 эълон карда мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии ТоҷикистонБахтиёр Худоёрзода иттилоъ дод.
Интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон аз соати 6-и субҳ то 20:00 шаффоф ва ошкоро гузашт. Иштироки озодонаи интихобкунандагон ва ширкати 159 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Маҷлиси байнипарлумонии Россияву Беларус, сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитой, Штатҳои Мутаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Япония, Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Туркманистон, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Украина ва 15108 нафар мушоҳидони миллӣ дар раванди интихобот далели ин гуфтаҳо мебошад.
Баъди соати 20:00 овоздиҳӣ ба охир расид ва комиссияҳои участкавӣ ба ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон шурӯъ менамоянд. Натиҷаи ҷамъбасти интихобот бо протоколи комиссияи участкавӣ ба расмият дароварда шуда, ба комиссияҳои ҳавзавӣ ирсол карда мешаванд.
Натиҷаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ соати 10:00 эълон карда хоҳанд шуд.
АМИТ «Ховар»