ИН МОДАРИ КУЛЛ- ТОҶИКИСТОН БОШАД! Сипосномаи иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Аз 21 то 26 августи соли равон дар вилояти Суғд Ҳафтаи Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Тӯли як ҳафта зиёда аз 800 нафар зодагони Бадахшон дар вилояти Суғд  фарҳанги мардуми кӯҳистонро намоиш доданд. Иштирокдорони ин ҳафтаи фарҳангӣ бо изҳори таассуроти баланду бардоштҳои ҷолиб аз ин рӯзҳо сипосу минатдории хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд:

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Мо тавассути он шоҳроҳе, ки Шумо дар лаҳзаҳои вазнини сиёсию иқтисодии мамлакат сохтед, ба Хатлон расидем ва бори дигар ба талошҳои воқеии Шумо барои расидан ба ваҳдати воқеӣ сари таъзим фуруд меорем, зеро ин роҳ пайвандгари ҳақиқии сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол гардид.

Моро дӯстону бародарони хатлонӣ дар Хуррамшаҳри бостонии вилояти Хатлон бо муҳаббати гарму самимона ва меҳмоннавозии хоса пешвоз гирифтанд. Мо дарёфтем, ки ин ташаббуси неки Шумо як чорабиниии оддӣ набуда, Шумо мехоҳед мардуми Тоҷикистон аз меваи шаҳдбори Ваҳдати миллӣ, ки онро Шумо ҷон ба каф гирифта,  ба мардуми Тоҷикистон ато намудед, лаззат баранд.

Муҳтарам Пешвои миллат!

Шумо аз худ гузаштанҳо кардед, то рӯзе мардуми тоҷик ба ҳамин рӯзи нек бирасад ва дар канори ҳамдигар таронаи ваҳдат хонанд. Аз суҳбатҳо бо мардумони сарбаланди вилоятҳои Хатлону Суғд бори дигар эҳсос намудем, ки Шуморо мардуми Тоҷикистон самимона дӯст медоранд ва аз сиёсати дурандешонаи Шумо ҳамеша дастгирӣ хоҳанд кард. Дар ин лаҳзаҳои ҳассосу пур аз шодиву нишот мо бори дигар эҳсос намудем, ки дар ҳақиқат:

Як пора Ватан водии Хатлон бошад.
Як пора дигар Суғду Бадахшон бошад.
Пайваста Ҳисору Рашт то Бурхи Валӣ,
Ин модари кулл- Тоҷикистон бошад!

Мо аз қабули гарму самимӣ, ташкили сатҳи баланди барномаҳои фарҳангӣ ва меҳмоннавозию муҳаббати бепоёни мардуми вилояти Суғд, ки аз дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Шумо сарчашма гирифтаанд, як ҷаҳон миннатдорем. Мо, намояндагони сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон он нону намакеро, ки аз дастархони хоҳарону бародарони суғдӣ чашидем, ҳамеша пос хоҳем дошт.

Таассуроти мо аз ин сафари ваҳдатзо хеле рангину хотирмон аст. Бо истифода аз ин фурсати муносиб мо, иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд аз номи тамоми мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ барои ин иқдоми бузург арзи сипоси беандоза баён намуда, ба Шумо сарбаландиву комёбӣ ва давлати ҷовидонаро таманно дорем ва мегӯем: Зиҳӣ, эй фарзонафарзанди миллат, ки тавонистӣ бо талошу ҷонбозиҳои беназир миллати парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам овардӣ. Имрӯз самараи неки Ваҳдатро тоҷикону тоҷикистониён дар ҳар гӯшаи кишвари соҳибистиқлоламон чашида истодаанд!

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориву дастгириҳои Шумо мо, сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона месозем, то бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Шумо баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистони соҳибистиқлол талош намуда, дар тарбияи насли ватандӯсту ояндасоз саҳмгузор бошем.

Мо омода ҳастем, ки барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими волоияти қонун камари ҳиммат бандем ва ҳамеша сокинони тамоми манотиқи ҷумҳурии азизамон ва ҳар як меҳмони хориҷиро дар сари чашмаҳои гарму обҳои мусаффои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дили гарму чеҳраи кушод қабул намоем.


Бо эҳтироми самимӣ ва сипоси беандоза зиёда аз 800 нафар зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд