Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ
«Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд.
Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон