Истиқлоли мо
Мо туро бо хуни ҷони хештан парвардаем,
Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем,
Мо ба ёди ту ба садҳо ҷаври даврон зистем,
Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зистем.
Хокат аз хоки вуҷуди рафтагони мо бувад!
Ин Нишонат аз ҳазорон бенишони мо бувад.
Парчамат аз чарми нанги мост, аз виҷдони мост!
Аз ҳарири пардаҳои синаи сӯзони мост!
Мо ҳама дороии худро фидоят кардаем.
Ҷисми худро дода, дилро раҳнамоят кардаем.
Дур бод он кас, ки моро аз ту хоҳад дур кард!
Кӯр бод он кас, ки мехоҳад раҳатро кӯр кард!
Эй ту, истиқлоли мо, иқболи мо, иҷлоли мо!
Эй ту, шаъни аз шукӯҳи меҳр моломоли мо!
Эй муқаддас! Эй ҳазоронсола армони Ватан!
Мо ту ҳастему ту дар мо пайки паймони Ватан!
Мо туро дар мағз-мағзи ҷисму ҷон мепарварем!
Мо туро чун устувон дар устухон мепарварем!
Мо ба ёди ту ба сад ҷавру ҷафоҳо зистем!
Як нафас бе ту агар бошем, ҳаргиз нестем!
Ҳамватан! Субҳат ба хайр! Ин субҳи истиқлоли мост!
Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост!
Шеъри Камол Насрулло
Ровӣ: Маъруф Назарзода