Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои омӯзгорони Мактаби президентӣ дар шаҳри Кӯлоб
Нашр шуд. Душ, 31/08/2015 - 13:15
Баъди ба истифода супоридани меҳмонхона дар маркази шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Ориёно ташриф овард.
Дар ин ҷо омӯзгорон ва толибилмони муассисаи таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар шафати бинои асосии муассисаи таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат» бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор дод.
Тавре маълум гардид, бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои омўзгорони мактаби Президентӣ бунёд гардида, бо риояи меъёрҳои шаҳрсозӣ, аз рўи тарҳи зебо сохта шудааст ва дорои 36 ҳуҷра мебошад.
Омўзгорони соҳибтаҷриба аз шаҳри Кўлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат, ки тариқи озмун ба мактаби президентӣ ба кор ҷалб шудаанд, дар ин ҷо бо манзили зист ва шароити беҳтарин таъмин карда мешаванд.
Бинои нуҳошёна аз ҷониби сохтмончиёни раёсати хизматрасонии асосии шаҳри Душанбе бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ моҳи майи соли 2014 оғоз шуда, нимаи аввали моҳи августи соли 2015 анҷом ёфт ва он бо тамоми шароити зист таъмин гардидааст.
Фармоишгар - Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки чунин як бинои истиқоматии 9 ошёна барои омӯзгорони ин даргоҳи маърифат моҳи октябри соли 2013 дар баробари бинои асосии муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд. Мактаби президентӣ барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст ва он дорои тамоми шароит, аз ҷумла 34 синфхонаи дарсӣ, 5 лаборатория, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Маҷмуан дар ин муассисаи таълимӣ 40 нафар омӯзгор ва 13 нафар мураббӣ ба таълиму тадриси хонандагон машғул мебошанд, ки ҳамаи онҳо дорои маълумоти баланди омӯзгорӣ мебошанд.
Баъди шиносоӣ бо шароити зисти манзилҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо изҳори сипос карда, иброз дошт, ки ин манзилҳои зист тӯҳфаи арзандаи ҳукумат ба омӯзгорон дар арафаи соли нави хониш мебошад.