Ифтитоҳи биноҳои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ биноҳои иловагии синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ошхона бо 180 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 400 ҷой ва толори муосири варзишӣ бо 150 ҷой нишастро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Фармоишгари бунёди иншооти мазкур Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, корҳои сохтмониро дар давоми 11 моҳ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТИСМ” ба анҷом расонидааст. Дар давраи сохтмон 120 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ беш аз 8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ аз шароити мактаби мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, онро дар арафаи фарорасии Соли нав тӯҳфаи арзанда ба омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ арзёбӣ намуданд.
Омӯзгорону хонандагони мактаб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бобати фароҳам овардани чунин шароити муосиру замонавии таълим изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Ҳангоми суҳбати озоду ошкоро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омӯзгорон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоиде, ки давлату Ҳукумат ба онҳо фароҳам овардааст, сатҳи таълиму тарбияи насли наврасро боз ҳам беҳтар намоянд.
Тавре маълум гардид, қаблан хонандагони ин даргоҳи илму маърифат ба толори варзишӣ ва ошхонаву маҷлисгоҳ ниёз доштанд. Акнун бо шарофати дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хонандагони пойтахт шароити муосири таълиму ҳунаромӯзӣ ва тарбияи бадан муҳайё гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти сохтмони иншооти муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Хабар дода шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе 15 мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд шуда истодааст ва ҳамаи онҳо дар соли 2018 ба истифода дода мешаванд. Бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳои пойтахт бо синфхонаҳои муосири фаннӣ, синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ, ошхона, майдону толорҳои варзишӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар маҷмӯъ то соли 2019 бештар аз 21 ҳазор ҷойҳои нишасти иловагӣ барои муассисаҳои таълимии пойтахт муҳайё карда мешавад.