Ифтитоҳи дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон» дар ноҳияи Ҷайҳун
Нашр шуд. Пан, 17/08/2017 - 08:45
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон», ки зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ» ба ҳисоб меравад, иштирок намуданд.
Иншооти нави дидбонгоҳи сарҳадии «Сомон» бо маблағгузории Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сементи тоҷик» дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар ин ҷо барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳимояи ҳамаҷонибаи марзи давлатиро бо масъулияти баланд ба уҳда доранд, шароити муосири хизматӣ ва будубош фароҳам оварда шудааст.
Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд, аз ҷумла хобгоҳи сарбозон, ки мутобиқ ба меъёрҳои хизмати ҳарбӣ сохта шудааст, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои таълиму тарбияи сарбозон, бахусус наваскарон, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва рӯҳану ҷисман омода намудани онҳо ҷиҳати ҳифзи марзу буми Ватан ба масъулони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар бинои асосии дидбонгоҳи сарҳадии «Сомон» ҳамчунин утоқҳои корӣ барои афсарон, хонаи хизмати сарҳадӣ, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шуда, дар ин ҷо, пеш аз ҳама, барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ аз техникаву технологияи пешрафта васеъ истифода мебаранд.
Ҳамчунин дар ин дидбонгоҳ ошхонаи кушоду барҳаво, майдони сафороӣ, ду майдончаи варзишӣ, марказҳои таълимӣ, ҳаммом, ҷойи покиза кардани либос, анборҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сӯзишворӣ, сару либос, мошинсарой, ҷойи нигоҳдории сагҳои хизматӣ, аспхона, ҷойи нишасти чархбол ва дигар иншооти хидмати ҳайати шахсӣ дар сатҳи баланд ва бо меъёрҳои ҳозиразамони ҳарбӣ сохта шудаанд.
Дар ҳудуди дидбонгоҳи мазкур инчунин як бинои истиқоматии дорои хонаҳои як ва ду ҳуҷрагӣ бо тамоми шароити зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он афсарон бо оилаҳои худ истиқомат менамоянд. Дар ҳавлии бинои мазкур барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ як майдончаи бозии кӯдакона низ бунёд гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки масъулияти ҳифзи марзи кишвар дар минтақаи Панҷ аз соли 2005-ум пурра ба уҳдаи сарҳадбонони Отряди сарҳадии «Панҷ» вогузор гардида, он то ба имрӯз чун сипари боэътимод ва пуриқтидори давлату миллат фаъолият дорад.