Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии «Нурафшон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Дар доираи сафари кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони хусусии «Нурафшон»-ро барои 240 нафар мавриди истифода қарор доданд.
Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат аст. Манораи бино барои хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин ҷо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар кӯдакистон 8 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 8 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои ёрирасон, ҳавзи оббозӣ, ошхона барои 50 нафар, катҳои хоб барои 200 нафар ва дигар иншоот мавҷуданд.
Машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегиранд. Шумораи кормандон беш аз 40 нафарро дар бар гирифта, аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Корҳои сохтмонии бино моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардида буданд. Дар кӯдакистон барои таълиму тарбияи кӯдакон тамоми шароити замони муосир фароҳам оварда шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумат дар доираи омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, шоистаи таҳсин хонданд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти гуногуни соҳаи маориф, аз ҷумла кӯдакистонҳои замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми шароит сохта шудаанд, ки айни замон дар онҳо беш аз 3 ҳазору 580 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
Кӯдакистони хусусии “Нурафшон” айни замон яке аз марказҳои калонтарини таълимиву тарбиявии кӯдакон дар ноҳия маҳсуб меёбад ва он дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии кӯдакон саҳми арзанда мегузорад.