Ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”
Дар Тоҷикстон боз як шабакаи телевизионӣ- Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба фаъолият оғоз намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 таъсис ёфта, дар доираи дастгириҳои рузафзун ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи телевизион ва радио бо бинои маъмурӣ ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин карда шудааст.
Дар расми ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони шабакаҳои телевизион ва радиои малмлакат иштирок намуданд.
Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар асоси дастуру супоришҳо ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, мусоидат ба рушди бемайлони ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат ва муарифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари барои сайёҳӣ мувофиқу дорои фарҳангу ҳунари волои таърихӣ таъсис дода шудааст.
Бинои асосии Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз 3 ошёна иборат буда, дорои 30 ҳуҷраи корӣ, аз чумла маҷлисгоҳ, танзимгоҳҳо, ҳуҷраи ороишгарӣ, маркази дубляж, маркази пахши барномаҳо, студияҳои сабт, ҳуҷраи пардозгарӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Барои пахши барномаҳои телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷумла фиристандахои рақамӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон насб карда шуда, интихоби макони насби фиристандаҳои рақамӣ аз лиҳози ҷойгиршавии шумораи зиёди аҳолӣ ва дар ҳамворӣ ҷойгир будани минтақаҳои мазкур бартарӣ дорад ва дар марҳилаи аввал барои 51,2 фоизи аҳолии мамлакат тамошои барномаҳои телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имконпазир мебошад. Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 143 воҳиди корӣ дошта, сохтори он аз дастгоҳи марказӣ, ҳайати эҷодӣ иборат аз 5 раёсат, 4 шуъба, 3 бахш, инчунин, маҷмааи таҷҳизоти студиявӣ ва шуъбаҳои техникию хизматрасонӣ иборат аст.
Аҳли эҷоди Муассиса бо забонҳои давлатию хориҷӣ намоишу гузоришҳо, лавҳаю роликҳо ва бахшу гўшаҳо, аз қабили иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ, лоиҳаҳои “Вожазори ҳунар”, “Вожазори сайёҳӣ”, барномаи итилоотии “Паём”, “Раҳ ба раҳ”, “Хатсайр”, “Армуғон”, “Гулдаст”, “Нигористон”, “Сози роз”, “Нидои таърих”, озмуни акси беҳтарин дар мавзуи “Сарзамини ман” ва дигар маводи ҷолибро омода намуданд, ки пешкаши тамошобин гардонда мешаванд.
Дар чамъомад таъкид гардид, ки Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби сайёҳон ва сармояи дохилию хориҷӣ ба ин соҳа, тарғиби ҳунарҳои миллии мардуми тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ ва дорои таъриху фарҳанги пурғановати таърихӣ таъсис дода шудааст ва рисолати касбии ҳар корманди он бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти бузурги иттилоотию техникӣ бояд аз саҳмгузории доимӣ дар тарғибу ташфиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, муҳимтар аз ҳама, муаррифии рузаафзуни таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон иборат бошад.
Дар саҳни Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба ифтихори оғози фаъолият дар фазои иттилооти Тоҷикистон намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои сайёҳии мамлакат ба намоиш гузошта шуд.