Иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ
Нашр шуд. Шан, 05/09/2015 - 12:06
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ ва намоишгоҳи V - уми байналмилалии китоб, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард.
Симпозиумро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод.
Зимни суханронии пурмӯҳтаво Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати таҷлили 700 - солагии шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалӣ оид ба шинохти шахсият ва мақому мартабаи ин орифи равшанзамир самимона табрик намуда, ҳузури олимону донишмандонеро, ки бо мақсади ширкат дар ин ҳамоиши илмӣ аз дуру наздик ба кишвари мо ташриф овардаанд, хайрамақдам гуфт.
Зимни суханронии худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарҷумаи ҳоли Ҳамадонӣ, шахсият ва осори ӯ, андешаҳои ирфонӣ дар рисолаҳояш, бузургдошти мартабаи баробарию бародарии одамон, эҳсону муруват, нақши илму маориф ва маърифатнокии аҳолӣ аз назари Ҳамадонӣ, тарғиби сулҳу оромиш, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ, инчунин хизмати Ҳамадонӣ дар рушди забони тоҷикӣ андешаҳои ҷолибу асосноки илмӣ баён намуд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки:- “Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо осори гаронбаҳои худ, ки асоси онҳоро дарки дурусти масъалаҳои фалсафию ҳикмат ва ахлоқу адаб ташкил медиҳанд, дар тамаддуни Шарқ мақоми барҷаста дорад. Вай, пеш аз ҳама, мақому манзалати инсонро ҳамаҷониба таҳқиқ карда, нақши ӯро дар ташаккул ва густариши амалҳои солеҳу созанда басо пурарзиш донистааст”.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки:-“Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо фазилатҳои неки инсонӣ ва дониши васеи худ дар сарзамини тоҷикон тарафдорон ва шогирдони зиёде пайдо намуда, дар тарбияи онҳо нақши сазовор гузоштааст ва ба ин васила номи худро дар хотираи таърихии халқи тоҷик ҷовидон гардонидааст.
Пеш аз истиқлолияти давлатӣ ба шахсият ва осори Амири Ҳамадонӣ як гурӯҳи хурди олимон ва донишмандон шиносоӣ доштанд.
Аммо баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва бо ташаббуси Ҳукумат доир гардидани ҷашни 680 - солагӣ ва имсол 700 - солагии ин шахсияти бузург номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вирди забони хурду бузург шуда, мақому мартабааш шуҳрати арзандаву сазовор пайдо кард.
Имрӯзҳо осори ӯ ба забонҳои мухталифи дунё чоп шуда, ақидаҳои инсондӯстонааш писанди дӯстдорони ҳикмату адаб ва ирфону тасаввуф гардидаанд, ки иштироки олимони чандин кишвари дунё дар ҷашнвораи имрӯза далели гуфтаҳои болост”.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи осрои гаронарзиши Алии Ҳамадонӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки:- “Махсусан, дар рисолаҳои “Кашф-ул-ҳақоиқ”, ”Қуддусия”, “Шарҳи фусус-ул-ҳикам”, ”Рисолаи ақлия”, ”Рисолаи вуҷудия”, “Рисолаи маърифати нафси инсонӣ” ва осори дигараш ақидаҳои фалсафии худро дарҷ намуда, сифатҳои поку ҳамидаи инсонро ҳамчун меҳвари коинот тавзеҳ додааст.
Ба қавли Амири Ҳамадонӣ инсон ягона махлуқест, ки аз фазилати нутқ, ақл ва илм бархурдор мебошад.
Дуруст ташаккул додани ин фазилатҳо, ба пиндошти ӯ, одамро ба мартабаи хирадмандиву бузургӣ расонида, нерӯ ва қобилияти рӯҳиву равонии инсонро ташаккул медиҳад.
Маърифат барои Ҳамадонӣ воситаи ба даст овардани илму дониш, малакаву маҳорат, завқу истеъдод ва шуҷоату қаноат, инчунин пояи сабру эҳсон ва зуҳду тавба дар роҳи тариқат мебошад.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки:- “Дар кишвари мо доир шудани Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба хотири бузургдошти шахсияти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва осори ӯ аз аҳаммияти махсус бархурдор мебошад.
Бовар дорам, ки дар ин ҳамоиш пажӯҳишгарон паҳлуҳои норавшани осор ва афкори ин мутафаккири бузургро баррасӣ карда, саҳми арзандаи ӯро дар ташаккули тамаддуни башарӣ бори дигар воқеъбинона равшан менамоянд”.
Баъди андешаронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳаддоди Одил - Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Шариф Ҳусейн Қосимӣ - профессори Донишгоҳи Деҳлӣ ба номи Ҷавоҳирлал Нерӯ, Сайид Иброҳими Ҳикмат - Раиси Донишгоҳи Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Навшоҳӣ Ориф - профессори Донишгоҳи Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Франсис Ричардс - профессори Донишгоҳи Париж, узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.
Дар баромадҳои хеш олимони кишварҳои хориҷ пеш аз ҳама барои ташаббусҳои инсондӯстона ва қадршиносию гиромидошти олимону орифони миллати тоҷик ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба Сарвари давлати Тоҷикистон баҳри ин иқдомҳои ибратбахш баҳои баланд доданд.
Дар кори симпозиум, ки тайи ду рӯз дар шаҳри Душанбе доир мегардад, олимону муҳаққиқон ва Ҳамадонишиносони беш аз 25 кишвари олам иштирок ва бо маърузаҳо баромад менамоянд.
Пеш аз оғози кори симпозиум намоишгоҳи V - уми байналмилалии китоби Душанбе баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ 79 ширкати ноширӣ аз 9 давлати ҷаҳон ва Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар ин ҷо 6 ҳазор номгӯ ва 50 ҳазор адад китоб ба маъраз гузошта шуда буд.
Дар гӯшаи китоби Ҳамадонӣ асарҳои пурмазмун ва тарбиявии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чопи нашриёти ватанӣ пешкаш карда шуд.