ИҚДОМИ БАШАРДӮСТОНА. Пешвои миллат ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Сурия кумак намуданд
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Арабии Сурия кумаки башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Кумаки башардӯстона аз маводи зарурии хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад.
Дар баробари ин ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Сурия либосу пойафзоли зимистона, кӯрпаю болишт, кати хоб, хаймаҳо, ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳо, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас карда шуд
Ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Ҷумҳурии Арабии Сурия 50 тоннаро ташкил медиҳад.
Кумак бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, тавассути ҳавопаймоҳои махсус ба Сурия фиристода шуд.
АМИТ «Ховар»