ИҶЛОСИЯИ XVI ВА ОҒОЗИ РАВАНДҲОИ СОЗАНДА

Таърихи давлатҳо ва миллатҳо санаҳоеро абадан дар ёд мегирад, ки дар ҳамин вақту замон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваста, раванди рушди онҳоро куллан тағйир додааст. Маҳз аз ҳамин сабаб омили вақту замон дар қонунияти умумии рушди давлатҳо ҳамчун организмҳои зинда ва доимо дар ҳолати рушд қарордошта аҳамияти хосса дошта, имконият медиҳанд, то инкишофи онҳо тӯли таърих то замони муайян ва баъди замони муайян даврабандӣ карда шавад. Ин даврабандиҳо баҳри қиёс ва муайян намудани дастоварду мушкилот, муваффақияту камбудиҳо ва хулосабарориҳои дурусту таҳлилшуда ҷиҳати таъмини рушди минбаъда зарур мебошанд.

Дар таърихи давлатдории навини мо низ чунин марҳилабандиҳо вуҷуд доранд, ки ба ҳар як марҳила оғози зинаи нави рушд ва ё тағйирёбии куллии хусусиятҳои равандҳо ва муносибатҳои сиёсию ҷамъиятӣ хос мебошад. Ба сифати яке аз чунин марҳилаҳои тақдирсоз баргузории Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки давраи комилан нави муносибатҳо ва таҳаввулоти ҷиддии сохторию мазмуниро дар раванди давлатдории мо оғоз бахшид.

Иҷлосияи XVI дар замоне баргузор гардид, ки низоми давлатдории ҷадид  дар Тоҷикистон дар шароити комилан нави муносибатҳои ҷаҳонӣ, дар шароите, ки шикасти низоми пурқудрати шӯравӣ бесаранҷомиро дар муносибати байни субъектҳои сиёсати байналхалқӣ ба миён оварда, кишварҳои хурд дар ин тӯфони манфиатхоҳӣ муҷиби ғарқшавӣ гашта истода буданд, гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гашта, дар вартаи аз даст додани ҳастии худ қарор дошт. Чуноне ки Проэктор Д.М. қайд мекунад, дар баъзе марҳилаҳои таърихӣ шуури ҷамъиятӣ аз ҳастии ҷамъиятӣ қафо мемонад…. Дар чунин лаҳзаҳо буҳронҳо ва қабули қарорҳои нодуруст ба амал меоянд. Ин гуфтаи олими рус ба воқеияти ҳамонвақта дуруст буд. Яъне дарки воқеият барои ҷомеа ҳанӯз мушкилӣ дошт.

Фалаҷи ҳокимияти сиёсӣ, ки дар натиҷаи таҳрики қувваҳои беруна ва амали хоинонаи қувваҳои дохилӣ ба вуҷуд омада буд, боиси хунрезӣ, қатлу куштор ва дар маҷмӯъ, аз байн рафтани ҳама гуна арзишҳои вобаста ба эҳтироми қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ гашта буд. Дар низоми давлатдорӣ, ба ҷуз аз мақоми қонунгузор, ягон ниҳоди дигар фаъолият намекард ва ё фаъолияти қонунии онҳоро ҷомеа эътироф намекард. Дар натиҷа буҳрони шадиди ҳокимият ба вуҷуд омада, кишварро хатари ҷиддии парокандагӣ таҳдид мекард.

Имрӯз вақте ки мо ба маводи таърихӣ назар мекунем, мебинем, ки новобаста ба авзои муташанниҷи мавҷудаи замон аз 230 вакил  197 нафари онҳо ба кори ҷаласа ҳозир шуданд. Ҳамзамон бо ин, имрӯз метавон баргузории Иҷлосияи 16–ро ҳамчун раванде маънидод намуд, ки вобаста ба хусусияти авзои сиёсии замон нофаҳмӣ ва зиддиятҳои мавҷудаи байни намояндагони мардумиро марҳила ба марҳила ҳал намуда, муваффақияти кори худро таъмин намуд. Таъсис додани комиссияи муросо оид ба таҳияи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа, баргузории маҷлиси машваратӣ ва сипас гузаштан ба баррасии масъалаҳо- ин ҳама нишонаи он буд, ки вакилони Шӯрои Олӣ иродаи қатъии сиёсии гузаронидани ин иҷлосияро доштанд. Таҳлили раванди баргузории Иҷлосия нишон медиҳад, ки нофаҳмиҳо ва ҷудоиандозиҳо Парлумонро ҳам фаро гирифта буданд ва қабули қарорро мушкил мегардонданд. Таъсиси комиссияи муросо худ нишондиҳандаи он аст, ки зимни таҳияи лоиҳаи рӯзнома ҷиҳати муайян намудани афзалияти масъалаҳои баррасишаванда байни вакилон ҳам сараввал якдигарфаҳмӣ набуд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аксарияти вакилон, ки аз мардум намояндагӣ мекарданд, ба яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳими вақт, яъне эътирофи мушкилоти сиёсӣ ҳамчун масъалаи ҳаёту мамот комёб гаштанд. Дар ин замина, яке аз омилҳои муҳими ваҳдатсозе, ки баҳри оғози фаъолияти  иҷлосия мусоидат намуд, ин маҳз эътирофи мушкилоти сиёсӣ буд. Назарияи низоъшиносӣ собит намудааст, ки эътирофи мушкилӣ қадами нахустин дар роҳи ҳалли он маҳсуб меёбад. Вакилон дарк мекарданд, ки дарёфти стратегияе лозим аст, ки вазъиятро тағйир диҳад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ борҳо нишон додааст, ки «қувваи ҳарбӣ сиёсатро маҷбур мекунад, то ин ки аз диди ӯ амал кунад. Ин амал бисёр вақт ба қонуниятҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ мутобиқат намекард». Бо  дарки ҳамин воқеият амал намудани субъектҳои фаъоли сиёсат зарур буд.

Илм собит намудааст, ки стратегияи тағйири вазъият мақсади дигаргуниҳоро дар сохтор ва фарҳанг дар бар гирифта, бояд усулҳои ба даст овардани ин дигаргуниҳоро низ таъмин намояд. Тамаркуз намудани диққат  ба масъалаҳои асосӣ дар вазъиятҳои буҳронӣ ба мушкилӣ даст медиҳад. Зеро вазъи зудтағйирёбанда таҳлилу хулосабарориро мушкил гардонида, баҳри баҳодиҳии бошуурона халал мерасонад. Маҳз аз ҳамин сабаб омӯзиши вазъ муҳим буда, тақозо менамояд, ки дар ин доира ҳудудҳои сохторӣ ва замонӣ муайян карда шаванд.

Дар шароити низои дохилӣ дар Тоҷикистон аз диди сохторӣ ҷонибҳои даргир субъектҳои дохилӣ (шаҳрвандони як кишвар) буданд, ки бо дахолати қувваҳои беруна дар муқобилияти рӯирост қарор доштанд. Зиддияти ақида ва манфиатҳо дар муҳокимарониҳо баръало эҳсос мегашт, вале ҳудудҳои замонӣ маҷбур мекарданд, ки муносибатҳои сохторӣ бо дарназардошти вазъ стратегияи тағйирпазириро пеша намоянд. Маҳз мавҷудияти ҳамин омил заминаро барои дарёфти роҳи мусолиҳатомези масъала муҳайё менамуд. Яъне, маҳз дар натиҷаи тағйирпазирии сифатии ҷонибҳои низоъ имконияти дигаргуниҳо дар муносибатҳо ва ба зинаи нав гузаштани худи низоъ имконпазир мегашт.

Омили муҳими эътирофи мушкилӣ ҷонибҳоро маҷбур мекард, то дар роҳи расидан ба мақсади ниҳоӣ манфиатҳои умумидавлатӣ ва умумимиллиро дар ҷойи аввал гузоранд. Дар натиҷа муттаҳидӣ, ҳамдилӣ, бахшиш, гузашт кардан, эҳтироми ҳамдигарӣ, новобаста ба гуногунии ақида, мавқеъ ва манфиат арзишҳое қабул гаштанд, ки самаранокии кори ин рӯйдоди муҳимро таъмин намуданд.

Омили дуюми ваҳдатсоз- ин бартараф намудани монеаҳои иҷтимоию равонӣ ва сиёсӣ дар раванди баррасии масъалаҳо буд. Иҷлосияи XVI дар шароити ниҳоят вазнини буҳронӣ мегузашт ва хоҳу нохоҳ ин ҳолат таъсири худро ба рафти он мерасонид. Зеро иштирокчиёни Иҷлосия ҳамчун ифодакунандаи манфиатҳои гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ вазифадор буданд, то дар ин шароити мушкил аз онҳо дифоъ намоянд. Дар баробари ин монеаҳои иҷтимоию равонӣ ва сиёсӣ дар низоми мавҷудаи муносибатҳо зиёд буданд, ки баҳри муҳокимаи масъалаҳо монеа эҷод мекарданд. Дар ин роҳ баррасии озод ва кушодаи масъалаҳо баҳри аз байн бурдани нофаҳмиҳо мусоидат намуд. Яъне, ҳар як вакил имконият дошт, ки мавқеи шахсии худро вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда дошта бошад. Пешниҳоди ақидаи худ дар баррасии масъала ва роҳи ҳалли он, имконияти гӯш карда тавонистани якдигар, аз банди эҳсосот баромадану ба қувваи ақл такя намудан, афзалияти мушкилиҳоро эҳсос намудан, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги эҳтироми рақиби сиёсии худро риоя намудан дастовардҳои муҳими дорои хусусияти рафторӣ маҳсуб меёфтанд, ки барои ҷомеаи дар ҳолати парешонӣ қарордошта низ намунаи ибрат буд. Ин раванд шаҳодати комили таҳаввулот дар муносибатҳо буд, ки баҳри шинохти чеҳра ва мақсаду мароми он нафароне, ки тинҷию оромии ҷомеа аз муносибати онҳо вобаста буд, мусоидат менамуд.

Омили дигар- ин дарёфти манфиати умумӣ дар ҳалли бечунарои буҳрони мавҷудаи ҳокимият буд. Буҳрони ҳокимияти сиёсӣ дар ноқобилии он вобаста ба масъалаҳои идоракунии самаранок, аз байн рафтани низом ва назорат дар иҷрои уҳдадориҳои қонунӣ, эътироф нагардидан аз ҷониби аҳолӣ, таъмин карда натавонистани волоияти ҳуқуқ ва амнияти шаҳрвандон таҷассум ёфта, ҷомеаро ба вартаи ногузири ҳалокат наздик карда буд. Чуноне ки Ф. Фукуяма зикр мекунад, «идоракунии нодурусти давлат принсипи соҳибистиқлолиро вайрон мекунад». Маълум аст, ки дар чунин вазъ ягон қувва наметавонад ба амният ва ташкили фаъолияти худ умед бандад. Зеро он механизме, ки бояд одитарин шароити зисту фаъолият дар ҷомеаро таъмин намояд, фалаҷ гашта буд.

Дар баробари ин манзараи то ба охир номаълуми ҷобаҷогузории қувваҳои геополитикӣ ақлҳои фаъоли ҷомеаро маҷбур мекард, то дарк намоянд, ки банизомдарории вазъ аз барқарор намудани ҳокимияти қонунӣ бояд сарчашма гирад. Бинобар ин, маҳз дар ҳамин Иҷлосия рӯҳияи сарҷамъӣ баҳри бартараф намудани буҳрони ҳокимият пурзӯр гашта, талоши ҳамаи вакилон ба он равона гардид, ки бояд низоми идоракунӣ дар кишвар бо дарназардошти шароити кунунӣ бознигарӣ карда шуда, пеш аз ҳама, баҳри таъмини волоияти қонун ва бо ҳамин васила устувор гардонидани пояҳои ҳокимияти сиёсӣ, ки дар он вақт захираҳои бузурги таъсиррасонӣ ҳам надошт, талошу кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Маҳз бо ҳамин мақсад, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз истифодаи механизми ҳуқуқӣ баҳри таъмини қонунигардонии ҳокимият дар шароити буҳронӣ истифода бурд. Ин амал таҷассуми худро дар дигаргуниҳои сохторӣ ва идоракунии давлатӣ дар кишвар ёфт.

Тағйири сохтори давлатдорӣ яке аз амалҳои калидӣ ва усулие ба шумор мерафт, ки онро вазъи ҳамонвақтаи сиёсии ҷомеа тақозо менамуд, зеро дар амалия маълум гашт, ки институти президентӣ ҳамчун шохаи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба талаботи ҷомеа ва вазъи мавҷуда рисолати худро иҷро карда натавонист. Аз ҳамин сабаб ҳам ба рӯзномаи иҷлосия масъалаи боздоштани идоракунии президентӣ дар мамлакат то як вақти муайян ворид карда шуда буд. Иҷлосия баъди муҳокимаи ҳаматарафаи масъала Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Қонуни асосӣ)» қабул намуд, ки тибқи он ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши Раёсати Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ ва Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, Раиси Шӯрои Олӣ Сардори давлат эълон гардид.

Вобаста ба ин тақсими ваколатҳо низ дигар шуд. Аз ҷумла, Шӯрои вазирон метавонист вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис диҳад. Масъалаи таъйин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгариро, ки пештар ба ваколатҳои Раиси ҷумхур дохил мешуданд, Раёсати Шӯрои Олӣ соҳиб гашт. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Қонуни асосӣ)» дар давраи байни иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ба шумор мерафт, ки он давлатро ба куллӣ идора мекард. Дараҷаи самаранокии чунин шакли сохтори идоракуниро мо имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, вақт исбот намуд, зеро илман ва дар таҷриба низ исбот шудааст, ки ҳокимияти сиёсӣ ҳамчун организми зиндаест, ки маҳз доштани  қобилияти тағйирпазирӣ вобаста ба талаботи замона омили асосии  таъмини фаъолияти минбаъдаи он дар доираи низоми мавҷудаи иҷтимоию сиёсӣ ба шумор меравад.

Яке аз омилҳои муҳими дигаре, ки баҳри ба ваҳдат овардани ҷомеа мусоидат намуда, баҳри ташаккули марҳилаи сифатан нави муносибатҳои сиёсӣ дар кишвари мо замина гузошт, ин ташаккули ғояи сулҳ ва дасткашӣ аз зӯроварӣ ба хотири таъмини ҳастии давлат буд. Гузашти марҳилаи муайяни вақт, таҳлилу омӯзиши таҷрибаи таърихӣ ва воқеияти имрӯза собит месозад, ки дар шароите, ки нафрату бадбинӣ ва кинаю хусумат дар ҷомеа чуқур реша давонда буданд, пайдоиш ва ташаккули ғояи сулҳ, пеш аз ҳама, нишонаи хиради азалии Пешвои миллат буд, ки дар чунин шароити ҳассос аз гузашту авф сухан гуфта, ҷомеаро ба ваҳдату даст кашидан аз зӯроварӣ даъват менамуд. Барои баъзе гурӯҳҳои иҷтимоии вобаста ба хусусияти вазъ ташаккулёфта, шунидан ва дарк намудани мафҳуми «бахшишу» «гузашт» аслан қабул набуд. Лекин вобаста ба ин масъалаи муҳими ҳаётӣ қотеъона изҳори ақида намудани Роҳбари сиёсии кишвар ба мавҷудияти духурагиҳо ва номуайяниҳо хотима гузошта, мавқеи башардӯстона ва сулҳҷӯёнаи ҳукумати навтаъсисро дақиқ муайян намуд.

Идомаи муқовимати мусаллаҳона ва дасткашӣ аз ҳалли мусолиҳатомези низоъ маънои худкушии миллатро  дошта, дар шароити шаклгирӣ ва тақвияти манфиатҳои нави геополитикӣ ин амал оқибатҳои ислоҳнопазир дошта метавонист. Изҳороти Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам» буд, ифодагари иродаи сиёсӣ ва шуҷоатмандона дасти оштӣ дароз кардани шахсияти таърихие буд, ки тавассути ин тадбир гардиши ҷиддиро дар ҷараёни умумии равандҳои сиёсии вақт  ба амал овард.

Пайдоиши ғояи сулҳ ва мунтазам ба идеологияи пурқуввати муттаҳидкунанда мубаддал гаштани он хизмати таърихии Пешвои миллат аст, ки имрӯз вақт тақдирсоз будани ин амалро собит намуда истодааст. Ғояи сулҳ, ки аввалин маротиба дар сатҳи баланд дар ин иҷлосия садо дода буд, заминаи асосии назарияи ягонаи ваҳдати миллӣ гардид, ки ҳамчун таҷассумкунандаи арзишҳо, принципҳо ва ормонҳо миллати моро ба суботу амнияти комил расонид.

Омили дигари ваҳдатсоз- ин дақиқ намудани муносибати ҳокимият нисбат ба  ҷонибҳои низоъ дар кишвар буд. Яке аз аввалин изҳороти Раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи бозгардонидани гурезаҳо буд.

Баргардонидани гурезаҳо инчунин яке аз омилҳои муҳими таъминкунандаи ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик маҳсуб меёфт. Маҳз аз ҳамин сабаб Раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буданд, ки «… то як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам» ва ин бори дигар собит месохт, ки тоҷик дигар бедавлату бесоҳиб нест ва фақат худи ӯ қодир аст ватанашро обод намояд. Таъмини сарҷамъии воқеии миллат ҳам яке аз вазифаҳои асосии ҳокимият ба шумор рафта, эътирофи мардум ба сифати сарчашмаи асосии ҳокимият яке аз нишонаҳои принсипи демократие буд, ки Раиси Шӯрои Олии кишвар дар ин иҷлосия эълон дошта буд.

Дар баробари ин ҳама қувваҳое низ кам набуданд, ки баргаштани гурезаҳоро ба ватан намехостанд, зеро ба хубӣ дарк карда буданд, ки баргаштани мардуми фирефташуда ба Ватан тамоми орзую омоли амалинашудаи онҳоро барбод дода, ба татбиқи нақшаю ниятҳои разилонаи онҳо халал мерасонад. Аммо бо мадади тақдир ва кӯшиши ҳаматарафаи роҳбарияти давлат ин нақшаҳои онҳо амалӣ нашуданд ва мардуми азоби сангини ғарибиро аз сар гузаронида ба хонаҳои худ баргаштанд.

Нишонаи дигари ба принсипҳои башардӯстона содиқ будани Ҳукумати нав- ин қабули қонун дар бораи авфи иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон буд. Маълум аст, ки авзои муташанниҷи сиёсӣ, ки дар натиҷаи бархӯрди қувваҳои гуногуну мухталиф ба миён омада буд, якеро дидаю дониста, дигареро аз рӯи нофаҳмӣ, сеюмиро аз рӯи ғараз, чорумиро бо мақсади муҳофизати молу мулк ва оилаи худ ба арсаи бетартибию қонунвайронкунӣ ва ҷинояту разолат тела дода буд. Дар чунин вазъият гуноҳи якеро исбот намудану бегуноҳии дигареро тасдиқ намудан амали бениҳоят мушкил буд. Бинобар ин, Ҳукумати тозатаъсис бо дарки эҳсоси масъулияти баланд ва риояи принсипҳои башардӯстона ҳамаи онҳоро авф намуд.

Тавассути ин амал муносибат ба ҷонибҳои дар низоъ ширкатнамуда дақиқ гашта, муайян гардид, ки тавассути авф ва гузашти ҳокимият имконияти дарки хато ва дар оянда пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо мавҷуд аст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар шароити буҳронӣ ва парешоние, ки Иҷлосияи XVI баргузор гардид, шароити ҳассосе буд, ки ҳалли таъхирнопазири бисёр масъалаҳои муҳими давлатдориро тақозо менамуд. Мутаассифона, раванди рушди кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ собит мекунад, ки ҳарчанд Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон карда бошад ҳам, то моҳи ноябри соли 1992 рамзҳои асосии давлат, ки муаррификунандаи он дар арсаи байналмилалӣ буда, василаи шинохти кишвар ҳам маҳсуб меёбад, тасдиқ нашуда буданд. Аз ин лиҳоз, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ин Иҷлосия ҳалли худро ёфт, ин тасдиқи рамзҳои давлатӣ буд. Ин амал баҳри дар рӯҳияи ягонаи ватандорӣ ва худшиносӣ ҷамъ овардани мардуми кишвар аҳамияти махсус дошт, зеро рамзҳои давлатӣ хусусияти рӯҳбаландкунандагӣ ва роҳнамоикунандагӣ дошта, дар боло бурдани масъулияти ватандорӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти муҳим доранд. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ ифодакунандаи мавқеи қотеъона ва устувори роҳбарияти кишвар баҳри тақвияти пояҳои давлатдорӣ ва кӯшиш ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол буд.

Маълум аст, ки идоракунии самаранок дар ҳама давру замон, пеш аз ҳама, аз фаъолияти сарвар вобастагии ҷиддӣ дорад. Вобаста ба ин, дар шароити мушкили низоӣ ба даст овардани ҳокимият, ба корандозии механизмҳои фалаҷшудаи он, ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ, таъмини ваҳдату якдилӣ, мутақоид намудани ҷонибҳои даргир ба дасткашӣ аз силоҳ, ҷамъ овардани онҳо сари мизи гуфтушунид ва роҳандозии стратегияи ҷадиди фаъолият дар шароити ҷангӣ аз сарвари сиёсӣ шуҷоат, нотарсӣ, қотеият, азхудгузарӣ, масъулият ва кордониро тақозо менамуд. Ин ҳама хислатҳо, ки метавонистанд самаранокии идоракуниро дар вазъи мушкили сиёсӣ таъмин намоянд, дар симои шахсияти бузурги таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассуми худро ёфта буданд. Маҳз натиҷаи талошҳо ва кӯшишҳои Пешвои миллат буд, ки дар кишвар ниҳоди нави сарварӣ ташаккул ёфта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки дар роҳи ҳалли низоъ на танҳо стратегияҳои «ғалаба» ва «мағлубият», балки «гузашту» «созиш» низ мавҷуданд, ки татбиқи онҳо метавонанд муваффақияти бештар дошта бошанд.

Ҳамин тариқ, таҳлили омилҳои ваҳдатсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки эътирофи мушкилоти сиёсӣ, татбиқи стратегия тағйирпазирии вазъият, бартараф намудани монеаҳои иҷтимоию равонӣ ва сиёсӣ дар раванди баррасии масъалаҳо, истифодаи механизми ҳуқуқӣ баҳри таъмини қонунигардонии ҳокимият дар шароити буҳронӣ, ташаккули ғояи сулҳ ва дасткашӣ аз зӯроварӣ ба хотири таъмини ҳастии давлат, дақиқ намудани муносибати ҳокимият нисбат ба  ҷонибҳои низоъ, эълони стратегияи нави фаъолият дар шароити ҷангӣ, мушаххас намудани афзалиятҳо дар роҳи расидан ба суботи сартосарӣ, тасдиқи рамзҳои асосии давлатдорӣ ҳамчун омили муттаҳидкунанда дар шароити парешонӣ, заминагузорӣ баҳри ташаккули фарҳанги сулҳ, тағйироти сохторӣ дар идоракунии давлатӣ, ташаккули ниҳоди нави сарварӣ дар кишвар, заминагузорӣ баҳри оғози раванди гуфтушунидҳо байни ҷонибҳои даргир, ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли низоъ дар Тоҷикистон, муаррифии кишвар ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ, устуворшавии ҳокимияти сиёсӣ ва ба даст овардани боварӣ дар шароити мушкили буҳронӣ дастовардҳои муҳиму давлатсози ин рӯйдоди муҳими таърихӣ буандд, ки марҳилаи навро дар пойдории давлати миллӣ оғоз бахшиданд.

 Махфират ХИДИРЗОДА,
муовини раиси вилояти Хатлон
АМИТ "Ховар"