Кумаки Президенти Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа дастрас гардид
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба сокинони аз офати табиӣ зарардида маҳсулоти ниёзи аввал, сару либос ва масолеҳи сохтмонӣ кӯмак карда шуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки аз рузҳои нахустини офати табиӣ дар деҳаи Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситод ташкил шуда, вазъият таҳти таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат қарор дорад.
Субҳи рӯзи 6-уми июли соли равон кӯмакҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси зарардидагон гардонида шуд.
Айни замон сокинони зарардида дар истироҳатгоҳи “Шабдез”-и ноҳия мувақатан зиндагӣ намуда, барои онҳо муҳимтарин шароит, аз ҷумла ҷойи хоб, анбори нигоҳдории маводи озуқаворӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ муҳайё гардидааст.
Зимни мулоқот бо сокинон таъкид карда шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони зарардида манзилҳои истиқоматӣ бо дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шуда, дар кутоҳтарин муҳлат ба истифода дода мешавад.
Ҳар як оилаи зарардида аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, изҳори сипосу минатдории бепоёни худро баён намуданд.
Барои дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардида қаблан низ маводи озуқаворӣ ва кӯмакҳои пулии расонда шуда, оилаҳои зарардида бо ашёву таҷҳизоти рӯзгордорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз 27- уми июни соли равон ба муддати чанд руз пайҳи ҳам фаромадани сел дар деҳаи Меденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа маҷрои дарёи Шохдара банд гардида, 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти ибтидоию боғоту заминҳои кишоварзӣ зери об монданд.
Ҳамчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 хонаводае, ки манзилҳои истиқоматиашон зери харат қарор дошт, ба ҷойҳои бехавф кўчонида шуда, пас аз бартараф сохтани мушкилот ба манзилҳои истиқоматии худ баргаштанд.
Талошҳои дастҷамъона ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки дар як муддати кутоҳ роҳи харобгаштани автомобилгард барқарор карда шуда, 7 ҳазор аҳолии Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа бо қувваи барқ ва оби ошомиданӣ таъмин гарданд.
Имрӯзҳо корҳо дар самти боз намудани пеши маҷрои кўли сунъӣ идома дорад. Пас аз анҷоми ин тадбир 20 геткар замини зери об қарордоштаи сокинон ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад.
Дар баробари бартарафсозии хисороти расида дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нафароне, ки хонаҳояшонро аз даст доданд бо ҷудо шудани қитъаи замин дар мавзеи бехавф бунёди хонаҳо оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад.
Дар мавзеи сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагон ситоди доимоамалкунанда ташкил шуда, рафти корҳои сохтмонӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.
Зимни шоносоӣ аз ҷараёни корҳои бунёдкорӣ сохтмончиён дар самти бо сифат ва мутобиқ ба талаботи замон ба анҷом расонидани иншооти банақшагирифташуда вазифадор гардиданд.