Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Варақаи матбуотӣ

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии мамлакат», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои миллӣ ва соҳавӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияву стратегияҳои давлатӣ, барномаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти телевизион ва радио амал намуда, соли 2023 - ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.

Соли 2023 тавассути шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инъикоси рўйдоду чорабиниҳои муҳими дохилу хориҷи кишвар, ташаббусҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соли 2025 эълон гаштани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, 21-уми март чун “Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо”, сафарҳои дохилию хориҷӣ ва вохўрию мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, рафти баргузории ҷашну идҳои миллию давлатӣ ва касбӣ, инчунин, тарѓибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, нишондиҳандаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2022, Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вохўрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва мулоқоту чорабиниҳои ҳошиявии онҳо, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашну чорабиниҳои дигари ҷумҳуриявию байналмилалӣ, иҷрои қонуну қарорҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, саноатикунонии босуръати мамлакат, истифодаи самараноки замин, зимистонгузаронӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, дастовардҳои соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, тарзи ҳаёти солим,  баррасии мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзуҳои муҳим фаъолияти самарабахш ба роҳ монда шуд.

Масъалаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисоду саноат, меъморӣ, сохтмону коммуникатсия ва кишоварзӣ дар барномаҳо матраҳ шуда, раванди баргузорию маросими ҷоизасупории Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўѓи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Илм - фурўѓи маърифат”, “Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” сабт ва инъикос гардиданд.

Фестивалҳои ҷумҳуриявии  “Сайри гули лола”, “Сад ранги чакан” ва “Тоҷикона мепўшем”, ки дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон нақши муҳим доранд, аз мадди назари аҳли эҷод дур намонда буданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҳия ва пешниҳод намудани барномаҳои калонҳаҷм ва филмҳои мустанаду ҳуҷҷатӣ, ҳамчунин, таҳкими корҳои техникӣ дар назди Кумита шуроҳои бадеӣ, таҳририя ва техникӣ таъсис дода шудааст.

Шурои таҳририяи Кумита давоми соли 2023 матни 41 барномаи калонҳаҷми ҷашнӣ, филмҳои мустанад ва намоишҳо, аз ҷумла “Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврўз”, “Сипари Ватан”, “30-соли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Лашкари мардони майдон”, “Варзишу артиш”, “Жить-Родине служить”, “Гетиафрўз”, “Намои меҳр”, “Модар - волотарин мазҳари ишқ”, “Дасти дуои модар”, “Олиҳаи муҳаббат”, “Оҳанги Наврўз”, “Наврўз-муждае аз даврони куҳан”, “Оинаи баҳор”, “Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари таърих”, “Роѓун-имтиҳонгоҳи номус”, “Сафои Ваҳдат”, “Қуллаи мурод”, “Фасли иршод”, “Сафои саҳар”, “26-соли Ваҳдати миллӣ”, “Ваҳдат-бақои миллат”, “Ваҳдатсаро”, “Таронаи Ваҳдат”, “Пусть Единство царит в ваших домах”, “Дар масири Истиқлол”, “Истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ”, “Истиқлол-ганҷи бебаҳои миллат”, “Навои Истиқлол”, “Офтоби иттиҳод”, “Ваҳдат-бақои миллату давлат”, таҳрир, такмил ва баррасӣ карда, барои сабт ва пахш пешниҳод намуд.

Ҳоло дар соҳаи телевизион ва радиои мамлакат ду барномаи муҳими давлатӣ – “Барномаи давлатии рушди телевизион  ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии рушди пахши телевизони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” татбиқ мегардад.

Яке аз ҳадафҳои муҳими барномаи мазкур тайёр намудани журналистони барномаҳои муаллифӣ, рўзноманигорони соҳавӣ ва сенариянависон ба ҳисоб рафта, дар ин самт соли 2023 “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” 20 машғулияти омӯзишӣ, 14 машғулияти тахассусӣ ва 6 машғулияти соҳавӣ гузаронид. Дар машгулиятҳо 313 нафар корманди эҷодию техникии шабакаҳои телевизиону радио ва нашриёти даврӣ иштирок намуда, соҳиби сертификат шудаанд.

Кормандони эҷодии кумита дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок намуда, соли 2023 3 нафар дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва 3 нафари дигар дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-ойинаи таърихи миллат” ғолибиятро ба даст оварда, соҳиби мукофотҳои пулӣ гардиданд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Давлатов Ҷамшед корманди МД «Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷойи сеюм, Шодрӯзи Комил  коромӯзи МД “Телевизиони Сафина” ҷойи сеюм ва Бахтиёр Раҳмониён муҳаррири варзидаи радиои “Фарҳанг” дар номинатсияи эҷоди назм ҷойи 1-умро ишѓол намуданд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон –ойинаи таърихи миллат” бошад, Парвизи Маҳмадамин муҳаррири телевизиони “Варзиш” соҳиби шоҳҷоизаи бахш, Убайдуллои Акрамзод корманди радиои “Фарҳанг” ҷойи 2-юм ва Шарипова Манзура корманди телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” соҳиби ҷойи 2-юм гардиданд.

Соли 2023 байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи кишварҳои хориҷ ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи телевизион ва радио се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иттилоотии Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бештар аз 20 давлати ҷаҳон санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радиои дошта, дар ин замина соли 2023 17 рўзноманигор аз кумита ва воҳидҳои сохтории он дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

Тавассути “Телевизиони Тоҷикистон” дар ин марҳила сафарҳои дохилию хориҷӣ, вохўриву мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони мамлакат, намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалию  минтақавӣ  сари вақт инъикоси худро ёфтанд.

Дар ин давра нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2022, соли 2025 эълон шудани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, солҳои 2022-2026  “Солҳои рушди саноат”, солҳои  2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои дақиқ,  риёзӣ ва табиӣ”, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030”, Вохўрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (14.09.2023, ш. Душанбе), раёсати Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва баргузории Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (15.09.2023, ш.Душанбе), ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, омодагиҳо ба ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашну рўзҳои таърихӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тавассути барномаҳои иттилоотӣ бо шарҳу гузоришҳои саривақтӣ инъикос  шуданд.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ филмҳои телевизионии “Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори дипломатияи об”, “Ѓамхори миллат”, “Эмомалӣ Раҳмон - эҳёгари таърих, бунёдгузори имрўз ва роҳнамои фардо”,  “Ҳомии Ватан”, “Сипоҳи сулҳ”, “Садоқати ватандорӣ”, “Тоҷикистон Ватани ҷавонон аст”,  “Марзи номус”, “Ваҳдати миллат - бақои давлат”, “Оташи меҳри Ватан”, “Гўштини миллӣ:  аз бостон то имрўз”, “Садои тамаддун”, “Ганҷи абадияти хирад”, “Соҳибҳунар”, “Сеҳри алла”, филми кўтоҳҳаҷми “Олами меҳр” ва “Ҳақиқати раднопазир” таҳия ва пахш гардиданд.

Доир ба раванди иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ѓайринақдӣ”  шабака давоми 17 рўз пахши мустақими барномаи «Дар мавзуи рўз»-ро ба роҳ монд.

Вобаста ба муаррифию пешниҳоди дастовардҳои тамоми соҳаҳои мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ шурўъ аз охири моҳи декабри соли 2023 то ба имрўз тариқи барномаи иттилоотии “Ахбор” мусоҳибаи нафарони касбу кори гуногун бо журналистон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар мустақим (телемост) манзури бинандагон мегардад.

Аҳли эҷоди шабака дар соли 2023 11 лоиҳаи нав, аз қабили “Хабарҳои ҷаҳон”, “Ҷомеа ва иттилоот”, “Ганҷи хирад”, “Номи нек”, “Хонавода”, “Нурбахши зиндагӣ”, “Муҳаббати Ватан”, “Шиноснома”, “Чеҳраҳои мондагор” ва “Кафолат” рўи  кор оварданд.

Соли 2023 барои кормандони эҷодию техникии телевизиони «Сафина» соли хотирмону таърихӣ буд, зеро дар ин сол онҳо соҳиби бинои наву замонавӣ гаштанд. Бинои наву замонавии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст, 13-уми декабри соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод шуд. Дар ин замина кормандони муассиса бо шароити хуби кории муосиру зарурӣ таъмин гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” вобаста ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ 87 гузориш таҳия ва манзури бинандагон гардонида шудааст.

Соли 2023 силсилабарномаҳои “Инсон ва ҳуқуқ” “Дар ин замона”, “Олиҳа”, “Минбари андеша”, “Пажӯҳиш”, “Фарҳанги муосир”, “Насли Истиқлол”, “Самараи Истиқлол”, “Шаҳболи саодат”, “Фасли иршод”, “Вожазори маонӣ”, “Дунё пур аз ҷавонист”, “Замзамаи ободӣ” таҳия ва пахш гардиданд.

Вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» 123 гузориш ва барномаҳои таҳлилии “Тавозун”, “Дар ин замона”, “Мегӯянд, ки...” ва “Минбари андеша” омодаю манзур тамошобинон гардид.

Ҷараёни баргузории Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўѓи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Илм - фурўѓи маърифат” ва “Тоҷикон” - ойинаи таърихи миллат” бо таҳияи 50 гузоришу хабар аз ҷониби кормандони шабака инъикоси худро ёфт.

Аз 19 то 26 март бештар аз 25 барномаи идона бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ пешниҳоди бинандагон гардиданд.

Соли 2023 дар шабака 60 филми бадеӣ тарҷума ва дубляж гардида, манзури бинандагон шудааст.

Соли 2023 гурўҳи эҷодии телевизиони «Баҳористон» барномаҳои навӣ телевизионӣ, аз қабили «Навои деҳа», «Ахтарони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўѓи субҳи доноӣ китоб аст», «Буд набуд...», «Асрори замину замон», «Сайре дар осорхона», «Интеллект» ва «Тараннум»-ро роҳандозӣ намуданд.

Дар заминаи баргузории Озмунҳои ҷумҳуриявӣ барномаи «Ифтихор» ва «Сафои саҳар» роҳандозӣ шуд, ки дар онҳо ѓолибони озмунҳо иштирок намуданд. Соли 2023 дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўѓи субҳи доноӣ китоб аст» силсилафилми тасвирӣ бо номи «Қиссаи Зебо» таҳия ва пахш карда шуд.

Вобаста ба Стратегияи омўзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф дар давраи то соли 2030 озмунҳои телевизионии «Интеллект», «Заковат», «Таҷриба», «Бо ҳам меёбем!» ва «Донояк» роҳандозӣ гардид, ки мақсад аз таҳияи ин гуна барномаҳо пайдо намудани кўдакону наврасони қобилиятнок, мусоидат ба болоравии сатҳи дониш, дўстии наврасони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва бедор намудани ҳисси муҳаббат нисбат ба дониш мебошад.

Соли 2023 шабака 13 филми тасвирӣ, 11 филми бадеӣ ва беш аз 80 филми  тасвирии  кӯтоҳҳаҷми  омӯзиширо дубляж намуд.

Муассисаи давлатии телевизиони иттилоотии «Ҷаҳоннамо» соли 2023 набзи рўзмарраи ҷомеа, муҳимтарин рўйдодҳои дохил ва ҷаҳонро бо пахши зиёда аз 8760 нашр ва беш аз 60220 хабар тавассути нашри иттилооти «Хабар» пешкаши тамошобинон намуд.

Дар 8750 нашри бахши «Дунё» 218000 хабари хориҷӣ омодаву пахш гардид.

Кормандони телевизиони “Синамо” соли 2023 79 филми гуногунжанр таҳия намудаанд, аз ҷумла як филми ҳунарии кӯтоҳ, 60 филми мустанад, 3 филм-консерт ва 15 филми тасвирӣ.

Дар ин давра 74 филми гуногунжанри хориҷӣ бо забони тоҷикӣ тарҷума шуда, ин шумора аз 8 силсилафилми бадеӣ, 23 силсилафилми мустанад, 13 филми мустанад, 5 филми ҳунарӣ, 20 филми бадеӣ тавассути зерхат (субтитр) ва 5 филми тасвирӣ иборат мебошад.                                             Вобаста ба таърих ва эҳёи ҷашни “Сада” дар замони соҳибистиқлолӣ 3 филми мустанад: “Фурўѓи Сада”, “Дар оинаи таърих” ва “Сада” омодаю пешниҳоди бинандагон карда шуд.

Ба ифтихори 30-солагии Артиши миллӣ ду филми мустанад-“Сипари Ватан” ва “Дар ойинаи таърих” таҳия гардидааст.

Ба ифтихори “Рўзи Модар” филмҳои мустанади “Олиҳаи меҳр” ва “Фариштаи меҳр” омода шуданд, ки  фарогири корнамоӣ ва фаъолияти занону модарони тоҷик дар ҳама соҳаҳо мебошанд.

Вобаста ба ҷашни Наврўз телевизиони “Синамо” 7 филми мустанад, 2 филми тасвирӣ, 30 барномаи гуногунжанр, 100 гузориш ва ролику лавҳаҳо омода намуд.

Телевизиони “Варзиш” дар соли 2023 тамоми руйдодҳои варзишии кишвар ва байналмилалиро дар сатҳи баланд инъикос намуд.

Дар ин давра кормандони телевизиони “Варзиш” тозатарин хабару гузоришҳо вобаста ба тарѓибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва манфиати машѓул шудан ба варзиш, истифодаи ѓизои солим, зарари пурхўрӣ, фарбеҳшавӣ ва тамокў, бурду бохти варзишгарони мамлакат, сатҳу сифати баргузории мусобикаҳои ҷумҳуриявӣ пешниҳоди тамошобинон гардониданд.

Хабарҳои муҳими варзишии дохил ва хориҷи кишвар ҳамарўза дар 4 нашри барномаи иттилоотии “Хабар” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешкаши ҳаводорни варзиш гардид. Нашри барномаи иттилоотии “Хабар” бо забони англисӣ соли 2023 роҳандозӣ шуд.

Дар баробари фарогии руйдодҳои варзишии Тоҷикистон дар телевизиони “Варзиш” пахши мустақим ва ѓайримустақими бозиҳои чемпионатҳои қитъаи Аврупо ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин силсиламусобиқоти (Гран Слам ва Гран При) Федератсияи байналмилалии ҷудо моҳе то ду маротиба аз кишварҳои мухталифи сайёра мустақим пешкаши ҳаводорони гўштини ҷудо шуданд.

Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” соли 2023 дар самти тарѓибу ташвиқи дастовардҳои илмии олимони дохил ва хориҷи мамлакат, навоварону ихтироъкорон, олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарѓиби омўзиши илмҳои риёзиву табиатшиносӣ, таѓйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, ҳамчунин, табиати нотакрору зебои минтақаҳои гуногуни кишварамон ва дигар мавзуъҳои мувофиқ ба формати пахш барномаҳо таҳия ва пешниҳод намуд.

Бо мақсади муаррифии бештари шахсиятҳои таърихӣ ба тамошобинон бахши «Чеҳраҳои мондагор» дар асоси китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид. Дар ин давра 72 нашри барномаи «Чеҳраҳои мондагор» пешкаши бинандагон гардонида шуд.

Соли 2023 барномаҳои «Дар оѓўши табиат» ва «Шифохонаи табиат» таҳия шуд, ки дар онҳо оид ба табиати Тоҷикистон ва ҷаҳон, гулу гиёҳ ва буттаҳои табобатӣ, хусусият ва тарзи дурусти истифодаи онҳо ба бинанда маълумот дода мешавад.

Дар ин давра барномаи «Ҷилои дониш» роҳандозӣ гардид, ки дар он омўзгорон машѓулиятҳои назариявӣ ва амалиро аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳоди бинандагон менамоянд.

Соли 2023 170 филми мустанади илмӣ, табиӣ ва техникӣ дар муассиса тарҷума ва дубляж шудааст.

Телевизиони “Шаҳнавоз” давоми соли 2023 барномаҳои  муаллифии “Истеъдод”, «Набзи наво», «Хостаҳо», «Шаҳдрез», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», “Дар олами савту наво”, “Музыкальная  шкатулка», “Ҷилои ҳунар”, “Тараннуми Ватан”, “Меҳмони Шаҳнавоз”, “Хушзеҳн”, “Шаббода”, “Рози наво”, “Набзи наво”, “Даргоҳи ҳунар”, “Дурахшон”, “Файзи истиқлол”, “Мондагор” ва барномаи субҳгоҳии “Насими субҳ”-ро таҳия ва пешниҳоди бинандагон гардонд.

Ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” барномаи идона бо истифода аз суҳбату андешаҳои шоирону адибон ва ҳунармандон омода гардид.

Дар ин давра барномаи консертии ҳунармандони Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар НБО “Роғун” дар ҳаҷми  як соат ва барномаи консертии дигар дар  Кохи Суруш дар ҳаҷми 1 соату 20 дақиқа сабт ва тариқи телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» пешниҳод шуданд.

Ба ифтихори “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барномаҳои телевизионӣ, фарҳангӣ ва роликҳои  идона таҳия гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ аз рафти баргузории ҳама даврҳои Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” тавассути телевизиони “Шаҳнавоз” гузоришу барномаҳои ҷолиб пахш гардиданд.

Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ давоми соли 2023 барои бинандагон силсилаи намоишҳои иттилоотӣ, маърифатӣ, фарҳангию фароғатӣ, ролику лавҳаҳои тарғиботии инъикоскунандаи бахши сайёҳию ҳунармандиро таҳия ва пешниҳод намуд. Дар ин муддат шумораи лоиҳаҳое, ки аҳли эҷоди шабака таҳия мекунанд ба 50 расид.

Вобаста ба маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, тағйирёбии фаслҳои табиат ва иду ҷашнвораҳо пайваста ролику лавҳаҳои тарғиботӣ таҳия ва пешниҳод гардид.

Инчунин, раванди татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҳамеша пайгирӣ мешавад.

Соли 2023 Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он беш аз 10210 нашри барнома ва тариқи 12298 нашри иттиллоотӣ 70970 хабару гузоришро тақдими шунавандагон намуданд.

Муҳимтарин рўйдодҳои дохил ва хориҷи кишвар,  татбиқи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»,   «Панҷсолаи рушди саноат», омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўѓи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурўѓи маърифат», «"Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат», татбиқи  барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», маърифати истифодаи нерўи барқ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, аз қабили  гаравидан ба равияҳои гуногуни ифротӣ, ташвиқу тарѓиби ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ ва нақши онҳо дар рушди кишвар, ҷалби онҳо ба китобхонӣ ва омўхтани касбу ҳунар, вазъи таѓйирёбандаи ҷаҳони имрўза аз мавзуҳои меҳварии барномаҳои Радиои Тоҷикистон, шабакаҳои радиоии «Овози тоҷик», «Садои Душанбе» ва «Фарҳанг» буданд.

Тавассути Идораи телевизиони “Бадахшон” соли 2023 184 хабару гузориш, 38 суҳбати ихтисосӣ ва 53 андешаи сокинони шаҳру навоҳии вилоят таҳия ва намоиш дода шудааст.

Дар барномаҳои Идораи телевизион ва радиои вилоят масъалаҳои муҳими хоҷагии халқи вилоят, таҷлили “Рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи даъватшаванда”, “Рўзи матбуоти тоҷик”, “Рўзи модар” ва  Наврўзи байналмиллалӣ инъикос ёфтанд.

Дар ин давра тариқи радиои “Бадахшон” 182  хабару гузориш, 6 гуфтори мустақими радиоӣ, барномаи “Нуқтаи назар”, 6 барномаи  “Мавзӯъ”, 10 барномаи “Дар ҳошияи Паём” ва 6 барномаи  “Тафсир” оид ба самтҳои гуногуни Паём таҳия ва пахш  гардидааст.

Соли 2023 ҷиҳати омода намудани барномаҳои таҳлилӣ, гузоришу хабар дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноаткунонии босуръати мамлакат тавассути телевизони вилояти “Суғд” 203 мавод омода ва пахш карда шудааст.

Барномаи “Қадамҳои устувор” ва “Рушд” дар робита ба эълон шудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» рӯйи кор омад ва соли 2023 39 нашри он доир ба фаъолияту рушди корхонаҳои саноатии ҳудуди вилоят таҳия ва пешкаши тамошобинон гардид.

Дар  соли 2023 кормандони эҷодию техникии Идораи телевизион ва радиои вилояти “Хатлон” ҷиҳати тарѓиби сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва огаҳӣ пайдо кардани сокинон аз рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамалакат фаъолияти хешро ба роҳ монд.

Идораи телевизиони “Хатлон” баъди насби таҷҳизоти муосири мувофиқ ба пахши рақамии дақиқияташ баланди HD гузаронида шуд.

Давоми соли 2023 ҳаҷми умумии пахши барномаву намоишҳои  телевизиони “Кўлоб” 6480 соатро ташкил дода, дар доираи таҷлили Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, роликҳои тарѓиботӣ ва барномаҳои ватандўстона пешкаши аҳолӣ гардонида шудааст.

Дар доираи таҷлили “Рўзи Модар” барномаҳои «Зан ва ҷомеа», «Васфи модар», «Меҳри модар», “Санои Модар”, “Модарнома”, «Равзанаи меҳр», «Модар фаришта буд», «Тараннуми Модар» ва «Чашмаи зиё» таҳия ва пешниҳоди тамошобинон гардид.

Ҷиҳати такмил додани базаи моддию техникии телевизион ва радио, мутобиқ намудан ба меъёрҳои муосир ва таъмини шароити кории кормандони эҷодию-техникӣ Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ корҳои муаяйнро ба сомон расонид.

Ҷиҳати мукаммалсозӣ ва пешбурди фаъолияти кормандони «Телевизиони Тоҷикистон» соли 2023 3 ноутбук барои танзимгоҳи сайёр, 7-маҷмӯи таҷҳизоти танзими барномаҳо, 3 чархболи сабткунандаи тамғаи DJI AIR 2 S, 5-маҷмӯи  видеокамераи наворбардории тамғаи Sony PXW –Z190 харидорӣ ва ба истеҳсолот равона карда шуданд.

Дар ин давра студияи 2-юми телевизионӣ бо дизайни наву замонавӣ  навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти муосиру зарурии техникӣ муҷаҳҳаз гардид.

Ҳамчунин, студияи таълимии телевизионии факултети журналистикаи “Телевизиони ДМТ” Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Телерадиоком» соли 2023 ҷиҳати амалӣ намудани марҳилаи 4-уми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» дар истгоҳҳои радиотелевизионие, ки тибқи нақша бояд фиристандаҳои рақамӣ насб гарданд, корҳои омодагиву таъмири биноҳои техникӣ ва санҷиши хатти барқ пурра анҷом дода шуданд. Инчунин, барои татбиқи барномаи мазкур аз ҷониби мутахассисони ҷамъият барои 14 истгоҳи радиотелевизионӣ дар маҳалҳои Ҳоити ноҳияи Рашт, Ѓеш ва Дашти Ар-Ари ноҳияи Муъминобод, Овозкўҳи ноҳияи Нуробод, Мотравн ва  Даштаки ноҳияи Ванҷ, Саричашма, Даштиҷум, Порвор ва Кафтари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, Шитами ноҳияи Шуѓнон ва Баррўшони ноҳияи Рўшон биноҳои техникӣ барои нигоҳдории фиристандаҳои рақамӣ ва манораҳои телевизионии аз 12 то 18-метра бунёд карда шуд.

Соли 2023 фарогирии аҳолӣ дар мамлакат бо пахши рақамӣ ба 83, 4% расонида шуд.

Соли 2023 Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ ва мусиқии кумита дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба истиқболи 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тантанаҳои ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Дар доираи баргузории Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳунармандони Кумита дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Шимкент бо барномаҳои рангини консертӣ баромад намуданд.

Ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҳои ҳунарии Кумита ва Мактаби рақсии  кўдаконаи «Меҳрона» 11 консерт дар боѓҳои фарҳангӣ - фароѓатии шаҳри Душанбе баргузор намуда, 9-уми сетябр дар Майдони «Истиқлол»-и пойтахт, ноҳияҳои Данѓара, Лахш, Рашт ва Балҷувон бо барномаҳои консертӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Ҳунармандони Кумитаи телевизион ва радио рўзҳои 21-24 марти соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар конфронс ва барномаи махсуси фарҳангӣ зери унвони «Об ва Наврўз - ду сарчашмаи ҳаёти башар», ки бо иштироки сарони давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид, бо 2 барномаи консертӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Дар маҷўъ Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ ва мусиқии кумита соли 2023 181 суруду оҳанг сабт намуда, 32 рақсро саҳнавӣ намудаанд.

Кормандони бойгонии кумита соли 2023 23 маводи мукаммал ва навори намоишҳои идона, ки бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуданд, ба хазина ворид намуданд.

Дар ин давра маводи 1213 фитта аз формати SP ва 569 фитта аз формати DVC ба рақамӣ (ба компютер) баргардонида шуд. Кори арзишманде, ки соли 2023 дар бахши ба хазина гирифтани маводи телевизионии Бойгонӣ анҷом дода шуд, ба компютер баргардонидани мавод аз фиттаҳои формати VHS мебошад. Дар хазина бо ҳамин формат 462 фитта нигаҳдорӣ мешавад ва дар давоми соли 2023 маводи ин фиттаҳо ба рақамӣ баргардонида шуд.

Гурўҳи тармим ва барқарорсозии маводи хазина соли 2023 27 фиттаи суруду оҳангҳои хазинаи сабти овозро бо ѓунҷоиши 3267 суруду оҳанг ва силсилаи 28 хониши бадеиро бо 479 гуфтор бо риояи меъёрҳои муайяни техникӣ – бадеӣ коркард ва барқарор намуданд. Ин гурўҳ дар маҷмўъ бештар аз 167 дискро бо ѓунҷоиши 18324 суруду мусиқӣ ва 185 дискро бо ѓунҷоиши 2113 гуфтори адабӣ коркард намудаанд.

Сохторҳои Кумита ба рушди воситаҳои электронии иттилоотӣ низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Сохторҳои Кумита сомонаи расмӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Фейсбук, Инстаграмм, Телеграм, Ютуб) саҳифаҳои худро дошта, доир ба фаъолияти сохтор, навгониҳои муҳими дохил ва хориҷи кишвар мувофиқи формати шабака мавод ҷойгир менамоянд.

Айни замон дар Тоҷикистон 101 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла, 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP (Ай Пӣ), 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ  фаъолият доранд.

Котиби матбуотии кумита
Зафар Қаюмзода