Кӯмаки молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги бузурги ватанӣ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати инсонпарваронаи хеш ба муносибати 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 ва қадршиносии ҷонфидоии бобоёну падарон дар ҷанг баҳри озодии насли оянда аз 23 апрели соли 2016 таҳти рақами 710 Амрро дар бораи расондани кӯмакпулии яквақтаи молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги бузурги ватанӣ ба тасвиб расонд.
Дар асоси ин Амри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияи ҷумҳурӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 639 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги бузурги ватанӣ 1 миллиону 278 ҳазор сомонӣ маблағ, ба ҳар як нафар 2000 сомонӣ ҷудо намуд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ дар арафаи ҷашни рӯзи ғалаба то 5 майи соли равон маблағҳои кӯмаки Пешвои миллатро дар шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг дастрас карданд.
Ҳамчунин бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раисони вилоятҳову шаҳрҳо ба маблағи 1 500 сомонӣ ва раисони ноҳияҳо дар ҳаҷми 500 сомонӣ иловатан ба иштирокчиёну маъюбони ҷанг кӯмакпулӣ тақдим карда шуд.
Ҳамин тавр дар маҷмуъ ҳамаи 639 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҷанг ба маблағи 4000 сомонӣ кӯмаки яквақтаи молиявӣ гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини шароити хуби иҷтимоию иқтисодӣ собиқадорони ҷангро мавриди ғамхорӣ қарор дода, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ мерасонанд.