Маросими ифтитоҳи Меҳмонхонаи замонавии «Киропол» дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан
Дар шаҳри Истравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи замонавии «Киропол»-ро дар хиёбони Истиқлол дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Фармоишгари бунёди меҳмонхона соҳибкори ватанӣ Бурҳон Эргашев буда, лоиҳакашон — Корхонаҳои Воҳиди Давлатии “Меъмор”, “Лоиҳакаш”-и шаҳри Истаравшан ва пудратчӣ ширкати сохтмонии “Ӯротеппа” мебошад.
Маблағи умумии сохтмони бинои меҳмонхона 2 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби даромади софи соҳибкорон сарф гардид.
Корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхона соли 2012 оғоз ёфта, он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфт.
Масоҳати умумии меҳмонхона қариб 1 гектарро ташкил дода, аз 5 ошёна иборат мебошад.
Ошёнаи якум аз ҳуҷраи корӣ, тарабхона, толорҳои хизматрасонию конфронс иборат мебошад. Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум 20 ҳуҷра мавҷуд буда, дар як вақт барои қабули 40 нафар мизоҷ шароит фароҳам оварда шудааст.
Хусусияти хоси ҳуҷраҳои меҳмонхона дар он аст, ки ҳар яки он бо услуби хоси меъморӣ ва унсурҳои зебову назаррабои нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст.
Баъди ба истифода супоридани иншоот 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд, ки иқдоми хуб барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум ва дастирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад.
Баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд доданд ва онҳоро ба идомаи анъанаи накуи мардуми тоҷик- меҳмоннавозии сатҳи баланд ба мизоҷон ҳидоят карданд.