Маҳсулоти ғизоӣ, либос ва пойафзол. Ба сокинони Кӯлоб кумак расонида шуд
Нашр шуд. Ҷум, 14/05/2021 - 10:55
Корвони мошинҳои ҳомили маҳсулоти ғизоӣ аз шаҳру ноҳияҳо аз тариқи Бохтар озими Кӯлоб шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Ин кумак аз ҷониби шаҳрҳои Бохтар, Левакант, Норак, Панҷ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Хуросон ва Кӯшониён расонида шуд.
Кумак асосан аз маҳсулоти асосии ғизоӣ — орд, равған, макарон, картошка, пиёз, гӯшт, оби тозаи нӯшокӣ, инчунин либос ва пойафзол иборат аст.
АМИТ «Ховар»