Маҳфили адабии “Хирадмандон”
Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобу китобхонӣ ва ҷалби кормандони соҳа ба маърифатандӯзӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мешаванд.
Дар ин замина маҳфили адабии “Хирадмандон” амал мекунад, ки дар маҳфили навбатии «Хирадмандон» доир ба китоби “Марворидҳои бесадаф”, ки аз гулчини осори адибони маъруфи дунё дар ситоиши зан ва муҳаббати ишқи поку беолоиш ҳикоят мекунад, андешаронӣ сурат гирифт.
Дар маҳфил кормнадони “Телевизиони Тоҷикистон”, телевизиони «Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Душанбе”, “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”, радиои «Тоҷикистон», “Садои Душанбе”, “Фарҳанг”, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Телерадиоком”, Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ, хонандагони МТМУ-и №6-и пойтахт ва ҳаводорони сухан иштирок доштанд.