Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат ва роҳбарони сохторҳои Кумита ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, доир ба моҳияти низоми идораи президентии давлат дар шароити феълӣ ва нақши таърихии он дар давлатдории навини тоҷикон сухан кард.
Сипас мудири кафедраи муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Раҳималӣ Нуриддинов, ки ҳамчунин ба чорабинӣ ба сифати мутахассиси масоили сиёсӣ даъват шуда буд, суханронӣ намуд.
Зимни баромад Раҳималӣ Нуриддинов оид ба шаклҳои низоми идораи давлатӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, бахусус низоми идораи президентӣ, аҳамияти таърихӣ, сиёсию иҷтимоии он дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Зикр шуд, интихоби низоми идораи президентӣ қарори огоҳона ва дурандешонаи сиёсӣ будани худро дар таҷрибаи давлатдории мо собит намуд. Албатта, барои дар сатҳи шоиста ва муносиб нигоҳ доштани ин мақоми олии давлатӣ хислатҳои шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим гузоштанд.
Мувофиқи қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат), ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, ки ин рисолат аз ҷониби Сардори давлат садоқатмандона ба халқу ватан амалӣ карда мешавад.
Аз ин рӯ, ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ шуд. Лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.
Ҳамин тариқ, ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Котиби матбуоти Кумита
Иброҳим Аҳмад