Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Имрўз дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он роҳбарият, намояндагони сохторҳои Кумита ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Нахуст Раиси Кумитаи телевизион ва радио назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддас табрику таҳният гуфта, доир ба моҳият ва аҳаммияти истиқлолияти давлатӣ дар шароити пуртазодди ҷаҳони муосир ва нақшу вазифаҳои ВАО, бахусус, телевизион ва радиои давлатӣ дар ташаккул ва таҳкими арзишҳои истиқлолият суханронӣ намуд.
Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Усмонзода Хайриддин Усмон ба сухан баромада, доир ба моҳияти истиқлолият аз нигоҳи назарияи илмӣ маъруза кард.
Усмонзода Хайриддин истиқлолият ва озодиро дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ номида, афзуд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ миллати мо имкон пайдо кард, ки дастовардҳои таърихии худро эҳё намуда, барои таҳкими минбаъдаи пояҳои асосии давлатдорӣ, ватандўстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлоламон қадамҳои устувор гузорад. Мавсуф истиқлолияти давлатиро ҳамчун дастоварди арзишманди миллати тоҷик василаи муҳимми амалисозии ғояву ормонҳои миллӣ арзёбӣ кард.
Зикр шуд, ки маҳз аз файзу баракату нерўи истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ мо тавонистем барои расидан ба ҳадафҳои муҳимми стратегиамон устуворона қадам ниҳода, фаъолияти созандаи худро дар ин самтҳо рўз то рўз тақвият бахшем.
Ҳамчунин Нуриддин Саид дар идомаи баромади худ таъкид намуд, ки дар шароити муосири давлатдории миллиамон бешубҳа метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сўйи зиндагии орому осуда, эъмори давлати соҳибихтиёр роҳи васеъ кушояд. Зимни баромад Раиси кумита бо ишора ба таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии мамлакат ба фаъолияти ВАО, бахусус телевизион ва радио, иброз намуд, ки соли равон дар арафаи таҷлили солгарди навбатии истиқлоли давлатӣ бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани кормандони соҳа ин худ нишонаи возеҳи қадрдонии роҳбарияти давлату ҳукумат аз заҳматҳои аҳли эҷод ва кормандони техникии соҳаи телевизион ва радиои давлатӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи телевизион ва радио ба таври бесобиқа рушд ёфт. Дар ин росто бо назардошти мукаммалсозии фазои иттилоотии мамлакат аз соли 2005 таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шабакаҳои радиоӣ дучанд афзуд. Дар сохтори Радиои Тоҷикистон ду шабакаи нав – радиои «Овози тоҷик» (2007, бурунмарзӣ) ва радиои “Фарҳанг” (2008) таъсис ёфт, ки пахши барномаҳоро бо 8 забон: тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ, русӣ, узбекӣ, арабӣ, англисӣ ва ҳиндӣ барои ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ихлосмандони фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик шурўъ намуданд.
Ҳоло чор шабакаи радиои ҷумҳуриявӣ: Радиои Тоҷикистон, «Садои Душанбе», «Овози тоҷик» ва “Фарҳанг” дар як шабонарўз бо ҳашт забон 96 соат барнома таҳия ва пахш намуда, дар тарбияву ташаккули афкори ҷомеа ва таъмини амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ нақши муассир мегузоранд.
Таъкид шуд, ки ба хотири таъмини амнияти иттилоотии мамлакат дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар баробари шабакаҳои радиоӣ телевизиони давлатии Тоҷикистон, ки дар аввал танҳо аз як шабака иборат буд ва дар як рўз ҳамагӣ аз 6 то 8 соат барнома пахш мекард, ба таҷдид, бозсозӣ ва ба таҳаввули бунёдӣ рў ниҳод.
Дар муддати кўтоҳ бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», соли 2006 Муассисаи давлатии “Телевизиони кўдакону наврасон – “Баҳористон” ва соли 2008 Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» таъсис дода шуд, ки фазои иттилоотии ҷумҳурӣ боз ҳам мукаммал гардид.
Бо мақсади тарбияи наврасон дар рўҳияи дуруст ва таъмини амнияти ииттилоотӣ яке аз аввалинҳо шуда дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сарвари давлат 1 августи соли 2006 барои кўдакону наврасони мамлакат телевизиони махсус – Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон - «Баҳористон» таъсис дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2016 дар соҳа якбора се муассисаи нав: муассисаҳои давлатии телевизонҳои “Синамо”, “Варзиш” ва “Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон” мавриди истифода қарор дода шуд.
Илова бар ин, бо мақсади ҷалби насли наврасу ҷавони мамлакат ба фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологӣ ва ба хотири мукаммалсозии фазои мафкуравию таъмини амниятии иттилоотии ҷумҳурӣ 25 августи соли 2020 телевизиони нави соҳавӣ – Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» таъсис дода шуд, ки 14 апрели соли 2021 ба фаъолият шурўъ намуд.
Бо мақсади рафъи норасоиҳо, таъмини талаботи аудитория, ҳифзи фазои иттилоотии мамлакат аз ҳар гуна хабару маълумоти ғаразнок соли 2021 ду шабакаи нави телевизионӣ – муассисаҳои давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “Шаҳнавоз” таъсис дода шуд. МД телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” 16 ноябри соли 2021, ба ифтихори Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МД телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 1 апрели соли 2022 ба фаъолият шурўъ намуданд, ки мақсад аз таъсиси он тарғибу ташвиқи мусиқии асили миллӣ ва имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ мебошад.
Дар интиҳои маҷлис як зумра кормандони сохторҳои Кумита барои собиқаи арзанда ва натиҷаҳои назаррас дар фаъолият бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Аълочии телевизион ва радио”, Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи кормандони Кумита сарфароз гардонида шуданд.