Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи масъалаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳисоботи муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевоситаи худро дар раддабандии байналмилалии Тоҷикистон расонида, на танҳо вазъи ҷории молиявӣ, миқдори сармоя ва маблағи қарзӣ, балки фаъолияти ояндаи молиявии ташкилоти қарзиро фарогир мебошад.
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ғайра таҳия гардидааст.
Баъди баррасии лоиҳаҳои қарорҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иваз карда шавад.
Ҳамзамон қарор дода шуд, ки Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъсис ва ҳайати шӯрои нозирони он тасдиқ гардад.
Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» муҳокима карда шуданд.
Вобаста ба лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакат Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» таъкид гардид, ки мақсад аз таҳия намудани он мутобиқ намудани муқаррароти лоиҳа ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин таъмини амнияти иттилоотӣ, рақобати озод ва рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳои нав ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ ва ғайра мебошад.
Лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафаробод ва номгузорӣ намудани он, Дар бораи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Дар бораи Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027, Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Дар бораи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Дар бораи Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 муҳокима карда шуданд.
Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондоди Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, вусъати кишту кори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта, бунёди боғу токзори нав, маданияти истифодаи замин, гирифтани 2-3 ҳосил аз заминҳои кишоварзӣ, наздиҳавлигӣ, президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, картошкаву сабзӣ, ба роҳ мондани тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ, ҳифзи табиат ва беҳдошти муҳити атроф ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои давлатӣ, супоришҳои мушаххас доданд.
АМИТ «Ховар»