Муаллими бузурги ахлоқи ҳамида - Шайх Саъдӣ
Нашр шуд. Чор, 02/11/2016 - 20:32
Андарзҳои Саъдӣ дар гуфторҳои Пешвои миллат
«…Муаллими бузурги ахлоқи ҳамида - Шайх Саъдӣ дар ашъори ахлоқиву тарбиявии худ доир ба сидқан иҷро намудани тоату ибодат аз ҷониби мусулмонон гуфтааст:
Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,
Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест».
«…Муаллими бузурги ахлоқ - Шайх Саъдӣ дар ин маврид мефармояд: «ҳакиме писаронро панд ҳамедод, ки ҷонони падар, ҳунар омўзед, ки мулку давлати дунёро эътимод нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳалли хатар аст… Аммо ҳунар чашмае зоянда асту давлате поянда. Агар ҳунарманд дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад».
«…Ба қавли Шайх Саъдӣ «ҳунар омўзед, ки мулку давлати дунёро эътимод нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳалли хатар аст. Аммо ҳунар чашмае зоянда асту давлате поянда.
Агар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунарманд дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад».