Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» рӯзноманигорони соҳибистеъдодро ба кор даъват менамояд
Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» барои пахши барномаҳои мустақим барандагони соҳибистеъдодеро, ки малакаи баланди касбӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ, инчунин чеҳраи зебо ва нутқи бурро дошта, соҳибистеъдоданд, ба кор даъват менамояд. Ин нуктаро 22 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карими Азиз иброз намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки «ТВ Сафина» аз ҷиҳати таъмини техника ва кормандони техникӣ ягон мушкилӣ надорад. Танҳо барои мо рӯзноманигорони соҳибистеъдод ва пешниҳоди лоиҳаҳои беҳтарин лозим аст, ки барномаҳои телевизиониро дар сатҳи баланд пешниҳоди тамошобинон гардонем.
Дар нишаст иброз намуданд, ки вобаста ба сирояти коронавирус ба нақшаи сабти барномаҳои консертӣ ва шоу-барномаҳо халал ворид гардид. Баъзе аз барномахо сари вақт таҳия нагардидаанд ва ин омил сабаби афзудани пахши такрории баъзе барномаҳо гардид.
Ҳамчунин муассисаи мазкур ҳар сол барои ҷалби рӯзноманигорон кастинг доир менамуд, аммо оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус натавонист дар шашмоҳаи аввали сол озмун доир намояд. Дар нақша аст, ки то охири соли равон кастинг баргузор шавад.
АМИТ «Ховар»