Мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни мамлакат

​19 марти соли 2018 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба зиёиёни кишвар нерӯи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки аҳли зиёи мамлакат, олимону донишмандон, муаррихон минбаъд ба омӯзиш ва таҳқиқи асолати таърихии ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аҳли эҷод беҳтарин асарҳои худро ба ин мавзуъ мебахшанд ва нақши ҷаҳонии онро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити судманди тамаддунҳо боз ҳам равшану возеҳ месозанд.

Барои ба насли оянда шинос кардани ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги милли дастур доданд, ки зиёиёни кишвар бояд бо мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, аҳамияти онҳоро фаъолона тарғиб намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба нерӯи созандаи зиёиёни Ватан бовару эътимод дорем ва минбаъд низ пайваста ба ин нерӯ такя карда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ давлат ва ҷомеаро ба сӯйи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ хоҳем кард.

Чун соли 2018 аз ҷониби Президенти мамлакат “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин дар бораи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт андешаҳои ҷолиб баён доштанд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зиёиёни мамлакат ва мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо саодати зиндагиро орзу намуданд.

Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иштирокчиёни мулоқот  - Сулаймони Аҳтам - Шоири ҷавон, роҳбари маҳфили «Адибони ҷавон»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Насима Қосимӣ - Аспиранти соли дуюми Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи илмҳо ва Низом Қосим - Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баромад карда, оид ба дастгириҳои амиқи Пешвои миллат аз рушди бахшҳои иҷтимоӣ, ҷонибдории ташаббусҳои аҳли зиёи мамлакат, эълони соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дигар тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар ибрози назар намуданд.