Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардид.
 
Зимни мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, минҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
 
Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикии минтақавиро, ки ба ҷалби васеи Афғонистон ба раванди ҳамкории минтақавӣ нигаронида шудаанд, махсус таъкид карданд.
 
Вазъи имрӯзаи амниятии Афғонистон ва минтақа, аз ҷумла, дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Афғонистон низ дар меҳвари мулоқот қарор дошт.
 
Роҷеъ ба ин мавзуот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир — терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ зикр намуданд.
 
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.