Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз рушди босуботу муназзами муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ карданд. Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз мавқеи тағйирнопазиру устувори кишвари мо таъкид доштанд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар баробари дигар бахшҳои афзалиятнок муҳимтарин омили густариши равобити дуҷониба мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амниятии минтақавӣ, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон, бояд тадбирҳои дастаҷамъона андешида шаванд. Дар ин самт ҳамчунин ҳамкорию ҳамгироии шӯроҳои амниятии ҳар ду кишвар зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.