Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Президенти Арманистон
Нашр шуд. Душ, 14/09/2015 - 18:14
Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян мулоқот намуд.
Сарони ду давлати дӯст атрофи рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахш табодули назар намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон Серж Саргсянро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуд, ки ташрифи меҳмони олимақом ба рушди муносиботи дуҷониба низ такон мебахшад.
Президенти Арманистон дар навбати худ сатҳи баланди раёсати Тоҷикистонро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъкид намуда, изҳор дошт: “Мо дар чаҳорчӯби ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ зиёд мулоқоту гуфтугӯй анҷом медиҳем ва вақти он расидааст, ки сафарҳои расмӣ низ роҳандозӣ карда, барои амалӣ намудани тавофуқоти ҳосилнамудаамон талош варзем”. Аз ин хотир, Серж Саргсян аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Арманистон сафари расмӣ анҷом диҳад.
Тавре зикр гардид, миёни Тоҷикистону Арманистон то ҳол беш аз 20 санад, аз ҷумла доир ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг, ба имзо расидааст.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироии сиёсию амниятии Тоҷикистону Арманистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар иттиҳодияҳои минтақавию ҷаҳонӣ, сурат гирифт.