Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон
Муҳокимаи мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ дар музокироти васеъи ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон идома ёфт.
Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ташрифи меҳмони олимақомро боз як қадами муҳим барои таҳкими дӯстию ҳамкорӣ дар таърихи муосири муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки давоми даҳсолаҳои охир равобити кишварҳо марҳилаҳои нави рушдро касб карда, барои таъмиқи ҳамкории ду давлат ва мардумони дӯст такони ҷиддӣ мебахшад.
Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ин раванд имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ арзёбӣ карда шуд.
Ба андешаи ҳар ду ҷониб, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, сохтмон, кишоварзӣ ва туризм аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодӣ боқӣ мемонанд.
Ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Туркманистон майли коҳишёбӣ дорад ва ба ҳолати аз январ то августи соли 2017 32 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Ҷонибҳо нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмию техникӣ ва баргузории бизнес-форумҳо байни доираҳои соҳибкории ду кишварро барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ муҳим маънидод карданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот аз сатҳи муколамаҳои сиёсӣ ва татбиқи санадҳои қаблан ба имзорасидаи ҳамкорӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд.
Тоҷикистону Туркманистон дорои иқтидори бузурги захираҳои на танҳо иқтисодӣ, балки имкони таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию энергетикӣ мебошанд. Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон намунаи олии ҳамкорӣ дар ин самт номида шуд.
Дар соҳаи нақлиёт ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи ба роҳ мондани хатсайри мустақими ҳавоии байни ду кишвар аҳамияти махсус зоҳир карданд.
Пойтахти Туркманистон — шаҳри Ашқобод макони бузурги баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла, варзишӣ гардидааст.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва мардуми туркманро барои муваффақона доир кардани Бозиҳои панҷуми варзишии Осиё, ки омили муҳими баҳамоии мардумон гардид, табрик гуфтанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ва маорифро баррасӣ карда, баргузории рӯзҳои фарҳанги кишварҳоро омили муҳими таконбахши равобити дуҷониба маънидод карданд.
Дар охири мулоқоти ҷонибҳо, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, ҳар ду ҷониб омодагии худро барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ ба хотири ҳалли мушкилоти глобалӣ, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амну субот дар минтақа ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон баён доштанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 13 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид:
Зери Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ Сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов имзо гузоштанд.
Санадҳои дигари ҳамкорӣ:
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи принсипҳои андозситониҳои ғайримустақим ҳангоми содироту воридоти молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкориҳои дарозмуҳлати тиҷоратию иқтисодӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи эътирофи мутақобилаи иҷозатномаҳо барои амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ;
Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2018 -2020;
Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба сохтмони бинои (маҷмӯи биноҳои) мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумкулӣ дар иттиҳодияи деҳқонии “Эргаш Султонов”- и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод;
Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Лебапи Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест”- и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркманистон.
То имрӯз заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро зиёда аз 60 санад ташкил медод, акнун бо имзои санадаҳои нав, ки бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд, шумораи он ба беш аз 70 адад расид. Татбиқи самараноки санадҳо барои Тоҷикистону Туркманистон боманфиату судовар хоҳад буд ва баҳри таҳкиму густариши муносибатҳои деринаи дӯстӣ заминаи боэътимод мегузорад.
Пас аз маросими имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ Сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои сафари расмии Президенти Туркманистонро ба Тоҷикистон пурарзиш ва бобарор арзёбӣ карданд.