Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай
Нашр шуд. Пан, 09/07/2015 - 15:00
Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ, ки дидори нахустини сарони ду давлати ҳамсоя пас аз ба мақоми Президенти Афғонистон интихоб шудани Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай мебошад, маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди муносиботи накуи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, энергетика ва ҳамлу нақл зоҳир гардид.
Аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар, ки иборат аз 80 санади дуҷониба мебошад, изҳори қаноат карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои татбиқи босамари санадҳои имзошуда, мақомоти дахлдори ду кишвар бештар фаъол бошанд.
Атрофи татбиқи лоиҳаҳои судбахши минтақавӣ доир ба сохтмони роҳҳои оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии 500 киловолтаи КАСА-1000 ва лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба қарордоди тиҷорати транзитии Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон ҳам зоҳир гардид.
Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ба бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои гуногун барои Афғонистон бо шароити имтиёзӣ таъйид кард. Тавре зикр гардид, танҳо дар соли равон барои донишҷӯёни афғон 250 бурсия дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҷудо гардидааст ва солҳои оянда ин шумора боз ҳам афзун мегардад.
Ба масоили вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои дифоию амниятӣ ва дигар мақомоти дахлдори ду кишвар барои ҳифзи субот дар минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай сурат гирифт.