НАВРЎЗИ АҶАМ: дари мардуми ориёӣ ҳамеша барои меҳмон боз буд…
Наврўзро ҷашни табиат гуфтаанд, зеро дар робитаи мустақим бо гардиши Замин ба даври Офтоб буда, рўзи аввали моҳи Фарвардин маҳсуб мешавад ва ба қавли донишмандони пешин «расидани Офтоб ба нуқтаи аввали Ҳамал ва ибтидои баҳор аст». Болотар аз ин, ҷашни мазкур аз муқаддасоти оинӣ низ бархўрдор аст. Мутобиқ ба эътиқодоти бостонии мардуми мо одоби ин ҷашн бар асоси ангезаи накўдошт ва посдорӣ аз муҳити зист бино ёфтааст.
Аслан мафҳуми Наврўз аз забони суғдӣ гирифта шуда, бо истилоҳи «навсард» ё «нувсард» пайвандӣ дошта, маънои он «Соли нав» аст. Ин калима дар забони авастоӣ бо лафзи «Сарзе» бо маънои «Соли хуршедӣ» омадааст. Ба қавли баъзе аз муҳаққиқон, асли паҳлавии ин калима «нук руҷ» ва ё «нўг рўз» будааст.
Дар баёни сабабҳои баргузории ҷашни Наврўз низ андешаҳои бисёре ба майдони баҳс дохил шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо дар ҷойгоҳи хеш аз эътибори хосса бархўрдор мебошанд. Ба қавли баъзе аз муаррихон дар охирин рўзи соли кабиса Ҷамшед, подшоҳи пешдодӣ баъд аз анҷоми як силсила ислоҳоти иҷтимоӣ бар тахти заррин нишаста, фосилаи байни Дамованд то Бобулро дар як рўз тай менамояд, ки он рўз «ҳурмуздрўз»-и аз фарвардинмоҳ ба шумор мерафт. Дар асоси дастури Ҷамшед ин рўзи сари сол ҷашн гирифта шуда, ба он «Наврўз» номгузорӣ мекунанд.
Ба андешаи Абўрайҳони Берунӣ Наврўз «нахустин рўз аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат «рўзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии Соли нав аст, он чи паси ўст, аз ин панҷ рўз ҳама ҷашнҳост» (ат- Тафҳиму-л-авоили санату-л-танҷим, с.253).
Умар Ибни Иброҳими Хайём низ дар «Наврўзнома» таъкид месозад, ки «сабаби ном ниҳодани Наврўз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр буд, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рўзу рубъе аз шабонарўз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақт ва рўз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан.
Чи ҳар сол аз муддат ҳама кам шавад ва чун Ҷамшед он рўзи аввали мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми сол ва моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рўзи бомдод офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рўзгор буданд, ки Язди таборак дувоздаҳ фаришта офаридааст. Аз он чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ва ҳарчи андар ў аст, аз аҳриманон нигоҳ дорад».
Ба ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки дар асоси солшумории куҳан Фарвардинмоҳ дар ҳар сол чанд соат аз мавқеи аслии худ ақиб афтода, дар муддати 1461 сол боз ба ҳамон маҳал, ки нуқтаи эътидол мебошад, боз мегардад. Аз замоне, ки Гивмарт ва ё Каюмарс ҳисоби соли хуршедиро пайдо кард, то саду бисту якумин соли салтанати Ҷамшед ин рўз ба охир расид ва ин фасли сол ба маҳалли нахустини худ бозгашт.
Қобил ба зикр аст, ки дар хусуси Ҷамшед ақидаҳои бисёре дар китобҳои қадимаи ҳиндуҳо ва эрониён вуҷуд дорад ва мутобиқи онҳо падараш Таҳмурас ном дошта, дар санскрик Ҷамшед бо номи Йама (Jama) ва дар «Авасто» Йима (Jima) омадааст. Лақаби вай дар «Авасто» «хшеата», яъне «дурахшон» хонда шудааст ва ба тадриҷ «йам» ба «ҷам» ва «хшеата» ба «шед» мубаддал гаштааст. Ба таври қатъӣ ва яқинан метавон гуфт, ки Ҷамшед аз подшоҳони муштараки қавмҳои ҳинду эронӣ буда, замони зиндагӣ ва қудрати вай беш аз ду ҳазор сол аз милод тахмин карда мешавад.
Мувофиқи устураи куҳан чун Аҳриман баракат аз рўи замин бурда, шамолро аз вазиш монд, то дарахтон хушк шаванд ва наздик буд, ки олами ҳастӣ аз байн равад, Ҷамшед ба амри Ҳурмузд ба ноҳияҳои ҷанубӣ рафта, бо Аҳриман дар ҷанг қарор мегирад. Баъд аз пирўзии Ҷамшед вазъи иҷтимоии мардум хуб шуда, кишвар ба ҳолати фаровонӣ бармегардад. Ҷамшед дар ин рўз ба мисли офтоб тулўъ карда, аз вай нур меборад. Мардум аз тулўи дувуми хуршед тааҷҷуб карда, бо як садо мегўянд: «Инак, рўзи нав», яъне Наврўз шуд:
Сари Соли нав, Ҳурмузд фарвардин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар-он рўзро «Рўзи нав» хонданд.
Расму оин ва одоби баргузории ҷашни Наврўз низ дар бисёр матнҳои куҳан бо ривояту далелҳои таърихнигорон хеле дилчаспу зебо баён шуда, аз расми иҷрои он метавон асолати ҳузури ин оинро дар байни гузаштагони тоҷикон дарёфт намуд.
Абўрайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» овардааст, ки «аз одоби ҷашни Наврўз ин буд, ки дар саҳни ҳар хона бар ҳафт сутун рақам ғалла мекоштанд ва ҳар як аз онҳо, ки мерўид, онро далели тараққии он навъ ғалла дар Соли нав медонистанд».
Ба ибораи дигар аҷдоди тоҷикон чанд рўз қабл аз поёни соли куҳан ба хонатаконӣ ва таҳияи либоси наву сабз кардани ғалладонаҳо, аз қабили гандум, ҷав, нахўд, биринҷ, кунҷид, лўбиё ва ғайра машғул мешуд. Амали мазкур аз ҷониби «Авасто» низ дастур шуда буд, зеро мутобиқи он рўҳу равони мурдагон ва фариштагон (фраваҳрҳо) дар рўзҳои фарвардинмоҳ ба хонаҳои худ боз мегарданд. Аз ин рў бояд мардум хонаҳоро пок кунанд ва фаршу қолинҳои пок густурда, хўроку хўрданиҳои хуштамъу бомазза ва иштиҳоовар ниҳанд ва аз онҳо хуранд, то рўҳи мурдагон аз бўй ва неруи он қувват гиранд.
Мувофиқи расму одоби Наврўз чунин буд, ки пеш аз фаро расидани Соли нав ҳамагон ба гармоба рафта, сипас равғани «бон» ба тани хеш мемолиданд ва эътиқод доштанд, ки ин равған барои хосияти дорўӣ доштан саломат мондани онҳоро дар муддати як сол кафолат медиҳад.
Шаби аввали сол бояд ҳама хонаҳо бо шамъ равшан карда мешуданд ва чанд соат қабл аз гусели Соли куҳна ва пешвози Соли нав аҳли хонавода ва дар маҷмўъ мардум саропо либоси нав мепўшиданд ва дар атрофи «суфра» ё «хонча», ки дар даврони Сосониён бо номи суфраи ҳафтшин шуҳрат дошт, ҷамъ меомаданд. Ба ҷумлаи ҳафтшин инҳо дохил мешуданд: шамъ, шароб, ширинӣ, шаҳд (асал), шамшод, шарбат ва шақоиқ. Ҳафт хўрок, ки дар хони наврўзӣ мениҳоданд, дар зарфҳои чинӣ, ки аз Хитой ворид мегаштанд, чида мешуданд. Ба ҳамин сабаб суфраи наврўзиро дар баъзе ҳолатҳо «ҳафтчин» низ мегуфтанд.
Мутобиқи расму оини куҳан агар ҳангоми гусели Соли кўҳна ва пешвози Соли нав аҳли хонавода дар хонаи худаш дар атрофи суфраи ҳафтшин набошад, то соли дигар аз хонааш овора хоҳад буд.
Дар ин лаҳзаҳои муқаддас дастархони наврўзӣ бо дуо боз мешуд. Аломати гусели Соли кўҳна ҷунбиши барги сабз дар рўи об ва бо навохтани табла эълон мешуд. Падару модар ба фарзандон ва хидматгорон туҳфаҳои идонаи худро тақдим мекарданд. Аз хўрокиҳо дар ин рўз палавмоҳӣ, мурғпалав, риштапалав ва ё оши бурида пухта мешуд.
Дар дарбори шоҳон низ ҷашни Наврўз ба мисли мардуми омма пешвоз гирифта мешуд. Дар ин рўз либоси дарбориён шакли хосае дошт ва дар тамоми маросими Наврўз бо ин либоси расмӣ зоҳир мешуданд ва ҳадяҳои гуногунро аз сар то сари мамлакатҳои тобеи худ қабул мекарданд.
Умари Хайём дар ин хусус чунин овардааст: «Оини мулуки Аҷам аз Кайхусрав то рўзгори Яздигурди шаҳриёр охирин мулуки Аҷам буд, чунон будааст, ки рўзи Наврўз нахуст мубадони мубад пеши мулук омада, бо ҷоми заррини пурмай, ангуштарӣ, дираме ва динори хусравонӣ як даста хавиди (ғаллаву сабзаҷот) сабз ва руста, шамшере, тиру камоне, давоту қаламе, аспе, бозе, ғуломе ва хубрӯе ситоиш намудӣ ва ният кардӣ ўро ба забони порсӣ. Ба иборати ишон ва чун мубадони мубад аз охирин пардохтӣ чошани кардӣ (чашидан) ва ҷом ба малик додӣ ва хавид дар дасти дигараш ниҳодӣ ва динору дирам дар пеши тахти ў бинҳодӣ ва бад-ин сон хостӣ, ки рўзи Наврўз ва Соли нав, ҳарчи бузургони аввал дидор бар он афкананд, то соли дигар шодону хуррам бо он чиз дар комронӣ бимонанд».
Зери мафҳуми «хубрўе» Умари Хайём шахсеро дар назар дорад, ки номи дилписанде дошта, ба некўкорӣ маъруф буда, сурату зоҳири хеле зебо ва забони шевову ширин дошт. Вай ба дарбор омада, иҷозати ворид шуданро савол мекард. Подшоҳ аз куҷо будан ва ба куҷо равона шудани ўро мепурсид ва иҷозати дохил шудан медод.
Он шахс посух медод, ки «аз сўи ду ҷой, ки хайру баракат ва саодат дар он ҷо аст, меоям ва мехоҳам ба ҷое, ки саодат ва баракат вуҷуд дорад, биравам ва касе, ки пирўз аст, маро ба ин ҷо овардааст. Номи ман Хуҷаста аст бо Соли нав омадаам ва барои подшоҳ армуғони саломат паём овардаам».
Ин шахси хушқадам дар фарҳанги қадима бо номи «Фирўз» ва ё «Мири Наврўз» маъруф буд, ки дар айёми ҷашн ҷомаи сурхи арғувонӣ ба бар мекард ва чеҳраи сиёҳ дошт. Чеҳраи сиёҳ рамзи талхиҳо ва сиёҳиҳои рўзгор буда, ҷомаи сурх маънои шодӣ ва сурурро дошт. Дар дасти ў доирае буд, ки маънои он «доираи зиндагӣ» буд. Вай армуғони осмониро аз ҳафт фуруҳар ва ё фариштаи осмонӣ, ки дар айёми Наврўз ба шеваи рамз мутаҷаллӣ мешуданд, ба подшоҳ ва мардум мерасонд.
Баъд аз шодбошӣ дар назди шоҳ як тангаи нуқра ва ё тиллоро, ки дар атрофи он ҳафт ғаллаворӣ қарор дошт, мегузошт. Донаҳое, ки дар таҳияи нон дохил мешуданд, дар атрофи нонҳо чида шуда буданд. Дар байни ҳафтшин шохае аз зайтун ё анор ҷой дода мешуд. Ҳар як шохаҳо дорои шаддаҳо буда, ҳар кадоми шохаҳо номи яке аз кўзаҳои холӣ ба худ дошта буданд ва ин кўзаҳое буданд, ки Мири Наврўз бо ҳамроҳи худ онҳоро ба дарбор оварда буд.
Мири Наврўз хўрданиҳоро аз суфраи ҳафтшин мехўрд ва сипас барои саломатӣ ва иззати шоҳ дуо мекард. Дар бисёр аз матнҳои куҳан аз Мири Наврўз номбар шуда, ўро шахси мазҳакабоз ва масхарабоз низ меномиданд. Ҳангоми наздики шоҳ омадан вайро ҳатман ба тахт мешинонданд ва дар айёми Наврўз вай ба салтанати чандрўза мерасид. Ба ибораи дигар шоҳ дар рўзҳои наврўзӣ қудрати давлатдориро ба дасти Мири Наврўз медод.
Мири Наврўзӣ ба як даст худро бод медод ва дар дасти дигар бози сафед ва дар бар шамшер мегирифт. Ин намоиши бозгашти Мири Наврўзӣ аз набард ва шикаст додани душманон буд. Мардум ўро бо таблу карнай истиқбол мекард.
Мутобиқи эътиқодоти бостонӣ Мири Наврўзӣ то поёни «сездаҳ бадар», ки рўзи охирин ҷашни Наврўз аст, дар шаҳру деҳот гашта, ҳукумат мекард ва камбудиҳои мавҷударо ба саҳнаи мазҳакаи Наврўзӣ мекашонд. Вай роҳбарон ва кормандони давлатиро ба адлу инсоф ва покиву садоқат даъват мекард.
Мири Наврўзӣ ба ҳар хонае, ки мехост, ворид мешуд, зеро дари мардуми ориёӣ ҳамеша барои меҳмон боз буд. Ба ҳар хонае, ки мерафт, бояд соҳиби хона ба ў ҳадяе медод ва ба таноби дасташ туҳфае овезон мекард.
Дар ин айём агар духтари бахтбаргашта дар хонае мебуд, бо наздик шудани Мири Наврўзӣ ба он хона, духтар дар утоқе пинҳон шуда, гиреҳҳое бар миёни (чорқади) хеш мезад. Модари духтар аз хона берун омада, кўдаки ноболиғеро аз ҳамроҳону корвони Мири Наврўзӣ ба дохили хона мебурд, то он гиреҳҳоро кушояд. Ин худ рамзи кушоиши бахти духтарон буд. Дар ин рўз духтарони ба балоғат расида аз Аҳурамаздо дуо талаб мекарданд, ки бахташон сафед ва соҳиби хонадони босаодат гарданд.
Мувофиқи эътиқоди куҳан аввалин касе, ки дар бомдоди иди Наврўз бояд ба хонаҳояшон ворид мешуд, ин марди хушқадам буд. Вай баъд аз ворид шудан бояд дубора аз дари хона берун мешуд ва аз нав ба хона боз мегашт. Далели ин расму оин аз он иборат буд, ки дар фарҳанги гузашта мардон таъминкунандаи рўзгори хонавода ва рамзи рўзиву баракат маҳсуб мешуданд. Пас вуруди онҳо нишонаи ин буд, ки то поёни сол рўзӣ ва хайру баракат дар ин хона бошад. Саҳнаи рафтани мард ва дубора бозгаштани вай ба хона низ рамзе аз рафту бозгашти ризқу толеъ ба хонадон аст. Ба ибораи дигар бо ин рафтори рамзӣ то поёни сол рўзӣ ва хайру баракат аз ҳамон даре, ки мард даромада меояд, меравад ва боз мегардад.
Ҳамчунин дар оғози рўзи ҷашн шоҳон дар дарбори хеш аз намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа истиқбол ба амал меоварданд. Дар ин рўз шоҳ ба ҳеҷ кас ҳукм намекард ва фармоне ба ҷуз дар таъмини хостаҳои мардум содир намесохт. Ба қавли Абўрайҳони Берунӣ дар «рўзи дуввуми фарвардин деҳқонон ва хидматгузорони оташкадаҳо ба ҳузури шоҳ бор меёфтанд ва рўзи саввум борёбии мубадон буд».
Хешу табори шоҳ, роҳбарони воломақом ва фармондеҳони артиш дар рўзи чаҳорум ба назди вай даъват мешуданд. Аъзои хонадон ва фарзандону наздикони шоҳ дар рўзи панҷум ба дидори шоҳ ва пазироии Наврўз мерафтанд. Рўзи шашуми Наврўз шарафёбии надимон ва мушовирон аз дарбор буд.
Аз бомдоди иди Наврўз то шомгоҳи дувоздаҳуми фарвардин аъзои оила ба дидори якдигар мерафтанд. Хурдҳо ҳатман аз аҳволи бузургони хона бохабар мешуданд ва калонсолон дар навбати худ ба онҳо туҳфаҳо тақдим мекарданд.
Қобил ба тазаккур аст, ки бахусус дар гаҳвораи зуҳури тамаддуни ориёӣ ва наврўзӣ дар шаҳри Балх (бисткилометраи Мазори Шарифи Афғонистон) дар анҷумангоҳи «Навбаҳор» дирафши Ковиёнӣ барафрохта мешуд. Сарбозон бо парчамҳои ифтихорӣ ва пирўзиву ғалабаҳои хеш вориди анҷумангоҳи «Навбаҳор» мешуданд ва дар канори Дирафши Ковиёнӣ пойкўбӣ мекарданд.
Чӣ тавре ки қаблан зикр кардем, поёни Наврўз дар рўзи сездаҳуми моҳ бо ҷашни «Сенздаҳ бадар» ба охир мерасид. Дар ин рўз тамоми мардуми шаҳр ба кўҳу пушта рафта, дар байни гулҳову марғзорҳо истироҳат мекарданд. Дар он рўз, ки бо номи Эзиди Тиштар — оварандаи борон номгузорӣ шудааст ва рўзи муқаддас маҳсуб мегашт, мардум, бахусус аз моҳӣ ва сабзавот хўрок омода мекарданд. Дар давоми ҳамин рўз сабзаҷоти суфраи идонаи Наврўзро ба унвони ҳадя ба Аноҳито ба об меандохтанд, то сол аз аввал то охираш дар кишвар сарсабзу хуррам боқӣ монад.
Мувофиқи асотири мавҷуда дар ин рўзи муқаддас аввалин одамони рўи замин Машиё ва Машиёна издивоҷ кардаанд, ки онҳо аз нутфаи Каюмарс дар замин рўида буданд. Дар асоси эътиқодоти куҳан Аҳурамаздо дар марҳилаи аввалини офариниши навъи башар Каюмарсро офарид. Каюмарс ва ё Гивмарт- намуна ва истиорае аз нахустин инсон дар рўи замин мебошад. Дар фарвардиняшти 87 аз китоби «Авасто» омадааст, ки «фараваши (равону рўҳӣ) Гивмарти ашаванро (порсоро) меситоем. Нахустин касе, ки ба гуфтор ва омўзиши Аҳурамаздо гўш фаро дод ва аз ў хонаводаи сарзаминҳои эронӣ ва нажоди эрониён падид омад».
Каюмарс муддати сӣ сол дар саросари ҷаҳон гардиш намуда, дар миёни кўҳу дашт рўзгори хешро сипарӣ мекард. Вай дар рўи замин подшоҳи гулҳо буд, зеро дар он марҳилаи офариниш дигар ҳеҷ мавҷуде ба ҷуз аз гулҳо офарида нашуда буданд. Пас аз сӣ соли подшоҳӣ бар гулҳо ва табиат ҳангоми марг аз салби вай нутфае хориҷ шуд, ки баъд аз тасфияву поксозӣ тавассути офтоб ва аз газанд олоиш ёфтан дар домани хок ва дар раҳми замин ҷой гирифт. Пас аз чиҳил сол ин нутфа дар гули шакли ишқидарпечон мерўяд ва дар рўзи Меҳррўзи Меҳрмоҳ онҳо ба сурати инсон даромада, аз онҳо аввалин ҷуфти марду зан падид меояд, ки мувофиқи устураи оини Меҳргон (митраизм) бо номи Машиё ва Машиёна хонда мешаванд.
Ин ду гули ишқи дарпечон ва аввалин инсонҳои рўи замин баъд аз панҷоҳ сол, яъне дар рўзи сездаҳуми фарвардинмоҳ ба ҳам издивоҷ мекунанд. Чун дар он замон меҳваре ҳамчун қоидаи издивоҷ набуд, онҳо ду гиёҳро ба рамзи пайванди сабзу муборак миёни хеш гиреҳ дода, онро нишони пайванди заношўӣ қарор дода буданд.
Аз ҳамон рўз шурўъ карда, ин расм ҳамчун оин ба ёдмон аз нахустинсонҳо — Машиё ва Машиёна дар байни мардумони табори мо боқӣ монд. Ҳамчун рўзи муқаддас мардум дар 13-уми фарвардинмоҳ ба кӯҳ мерафтанд ва он оинро иҷро мекарданд.
Асли мақсади тамоми ин мероси бузурги фарҳангии наврўзӣ — парвариши ҳаёт дар домони табиат ва Модар — Замин аст, ки онро мо бояд муқаддас дорем.
Абдулвоҳид ШАМОЛОВ,
доктори илмҳои фалсафа,
профессор