Наврӯз муборак!
Нашр шуд. Ҷум, 20/03/2015 - 09:03
Наврӯзи хуҷастапайро ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ ва ба ҳамаи касоне, ки ин ҷашни байналмилалиро таҷлил менамоянд, табрику таҳният гуфта, барояшон хушии рӯзгор, тани сиҳату умри бобаракати бардавом ва муваффақиятҳову сарбаландиҳоро тамонно мекунем. Бигзор ҳамеша зиндагӣ ва номи накӯи Шумо ҳам ба мисли Наврӯзи оламафрӯз мондагору ҷовидона бошад. Наврӯзатон муборак!
Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон