НАЗАРИ КОРШИНОС. Фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистонро дар соли 2023 сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии берунӣ метавон мусбат арзёбӣ намуд
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ, аз ҷумла тавассути рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷойдошта мусбат арзёбӣ гардида, пешгӯйии ниҳодҳои молиявие, ки дар поён номбар менамоем, дар робита ба коҳиши суръати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар соли 2023 асоси воқеӣ надоранд. Чунин мегӯяд коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ Манучеҳр Наҷмуддинов.
-Ҳамасола муътадил нигоҳ доштани суръати рушди иқтисодиёти мамлакат, бахусус тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати мамлакат муайян гардидааст. Дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» суръати миёнасолонаи рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) тибқи арзёбии воқеъбинона дар соли 2023 ба ҳисоби миёна – 7,5 дарсад пешбинӣ шуда буд. Ин нишондиҳандаро Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Авруосиё 6,5 ва Бонки Осиёии Рушд ба андозаи 7,9 дарсад пешгӯйӣ намуда буданд.
Акнун савол ба миён меояд, ки давоми соли 2023 ба кадом андоза сатҳи рушди воқеии ММД таъмин гардид ва дар рушди он кадом омилҳо бештар таъсири мусбат расониданд?
Вобаста ба ин масъала мо зимни таҳлилҳои худ ошкор сохтем, ки соли 2023 дар натиҷаи амалӣ гардидани мақсаду вазифа ва афзалияти дар доираи ҳуҷҷатҳои муҳимми стратегӣ муайянгардида, таъмини рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ва дар маҷмуъ таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла вусъат гирифтани низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ҳаҷми истеҳсоли ММД 130 миллиард сомонӣ ва суръати рушди он дар сатҳи 8,3 дарсад таъмин гардид, ки ин рақам нисбат ба дурнамо 2 дарсад, пешгӯийҳои Бонки ҷаҳонӣ, 1,8, Бонки Рушди Авруосиё 1,8 ва Бонки Осиёии Рушд 7,9, ба андозаи 0,4 банди фоизӣ зиёд мебошад. Илова бар ин, баъзе ниҳодҳои молиявии гуфташуда, аз ҷумла Бонки Рушди Авруосиё сатҳи таваррумро дар соли 2023 бо сабабҳои беқурбшавии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, бахусус доллари ИМА 6 дарсад пешгӯйӣ намуданд, вале ин нишондиҳанда дар соли гузашта 3,8 дарсадро ташкил дода, нисбат ба арзёбии ин бонк 2,2 банди фоизӣ кам мебошад. Татбиқи сиёсати оқилонаи пулию қарзӣ ва таҳкими қурби асъор яке аз сабабҳои асосии муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар соли 2023 дониста мешавад.
Коршиносони масоили иқтисодии Бонки Рушди Авруосиё дар гузориши худ рушди иқтисоди Тоҷикистонро байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин давра баландтарин арзёбӣ намуданд. Масалан, соли 2023 суръати рушди ММД дар Беларус 3,9, Қазоқистон 4,8, Русия 3,1 ва Қирғизистон 4,6 фоизро ташкил намудааст, ки ин рақамҳо нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан 5,8-3,5 банди фоизӣ кам мебошанд ва метавонад исботи ин гуфтаҳо бошанд.
Мо зимни таҳлил баъзе аз сабабҳои асосии муътадил нигоҳ доштани суръати миёнасолонаи рушди иқтисдиёти ҷумҳурӣ дар соли 2023-ро дар таъсири омилҳои зерин мушаххас ва асоснок намудем:
-суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, баланд намудани сатҳи рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти имконияти содиротии мамлакат;
-мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, бахусус дар заминаи татбиқи иқтисодиёти «сабз»;
-татбиқи раванди бемайлони раванди саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини иҷрои самарноки мақсаду вазифаҳои афзалиятнок;
-васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатнок, бахусус дар заминаи ҷалби сармояи хориҷӣ;
-дар заминаи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ бунёди корхонаи нави дорои аҳаммияти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ;
-зиёд гардидани ҳаҷми карздиҳии имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, инчунин дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ ва соҳибкорон;
-андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати кам намудани таъсири хавфу хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ;
-таъмини самаранокии сатҳи иҷрои мақсаду вазифа ва афзалияти дар барномаву стартегияҳои давлатӣ пешбинигардида.
Тибқи омори расмӣ, соли 2023 ҳаҷми қарзҳои додашуда ба рушди иқтисоди мамлакат 18,5 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 31,7 дарсад, ҳаҷми қарзҳои хурд 32,1 дарсад ва қарзҳои ба занону духтарони соҳибкор пешниҳодшуда 30 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилоти қарзии ватанӣ 18,6 миллиард сомониро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли 2022 32 дарсад зиёд мебошад.
Ин раванд, бешубҳа, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, раванди таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва дар ин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши мунтазами маҳсулоти ба содиротнигаронида дар соли гузашта мусоидат намуд. Дар натиҷа соли 2023 бо ташаббусҳои соҳибкорон 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи кор, 117 иншоот дар соҳаи маориф ва 139 иншоот дар соҳаи тандурустӣ бунёд ва навсозӣ шуданд.
Ташаккули иқтисоди «сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имконияти содиротии мамлакат, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, тақвияти раванди саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ, тақвияти корҳо дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳии имтиёзнок ба рушди соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар ин замина, таъмини рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 дарсад дар соли 2024 ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.
Бо ин мақсад ҳоло дар ҷумҳурӣ захираву имконият барои боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва некуаҳволии мардум, аз ҷумла таввасути амалигардонии раванди саноатикунонии босуръати мамлакат ҳанӯз хеле зиёд ҳастанд. Захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла филизоти рангаву гаронбаҳо, инчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рустаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин гардад.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имконияти дохилии мамлакат такя намуда, барои рушди устувори иқтисодӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ боз ҳам бештар талош намоем.
Дар маҷмуъ, аз рақамҳои оварда метавон хулоса намуд, ки фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷойдошта мусбат арзёбӣ гардида, пешгӯйии ниҳодҳои молиявии гуфташуда дар робита ба коҳиши суръати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар соли 2023 асоси воқеӣ надоранд.