Натиҷаҳои сафари корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Нашр шуд. Ҷум, 31/07/2015 - 20:25
31 – уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ, ки аз 28-ум то 31 июл дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дошт, ба шаҳри Душанбе баргашт.
Дар ҷараёни ин сафари бобарори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд, зеро Президенти мамлакат дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ ба бунёди иншооти таъиноти гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ ва маишию фарҳангӣ асос гузошт. Баъди сохтани корхонаву марказҳои хизматрасонӣ дар вилоят ҷойҳои зиёди корӣ таъсис ёфт, ки боиси беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мегардад.
Дар ноҳияи Ванҷ аз тарафи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пули калони мошингузар бо иқтидори борбардории 100 тонна, корхонаи коркарди ангат ва Маҷмааи туристии “Ванҷи боло” ифтитоҳ ёфт.
Дар ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи хонаҳои истиқоматӣ, филиали Тоҷиксодиротбонк, корхонаҳои саноатии коркарди сангҳои қимматбаҳо, меҳмонхонаи замонавӣ, ошхона барои сарбозони қушунҳои сарҳадӣ ва бинои комиссариати ҳарбӣ иштирок кард.
Дар ноҳияи Рушон барои сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон санги асос гузошта шуда, барои 460 нафар Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия ба истифода дода шуд.
Дар ноҳияи Шуғнон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди ғалларо бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз ба истифода дод. Масъалаи бунёди ин коргоҳи муҳими саноатӣ зимни сафарҳои қаблии Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ дода шуда буд.
Дар маҳалли аз офати табиӣ зарардида Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои барқарорсозии роҳ ва дар минтақаи сохтмони хонаҳои нав бо рафти бунёди иншоот аз наздик шинос шуд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо оилаҳои аз офат зарардида мулоқот кард.
Дар ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди НБО “Себзор” хишти аввал гузошт, ки тадбири муҳим барои беҳтар кардани вазъи соҳаи энергетикаи мамлакат мебошад.
Дар шаҳри Хоруғ бошад, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани хишти аввал барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ, бинои коллеҷи тиббӣ, сохтмони Театр барои 500 ҷойи нишаст ва шаҳраки нав дар мавзеи Тем дар масоҳати 260 гектар асос гузошт.
Инчунин дар маркази вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хонаи истиқоматии 50 ҳуҷрадорро барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, Бинои маркази хизматрасонӣ, сехи дӯзандагӣ барои 50 ҷойи корӣ ва Маҷмааи варзишӣ дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғро барои 1700 ҷой ифтитоҳ намуд.
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон мулоқоту сӯҳбатҳои самимию созанда доир кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбатҳои озоду ошкор бо аҳолии вилоят иброз дошт, ки мақсади сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тезондани корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ҳарчи зудтар бо манзили зист таъмин кардани оилаҳои аз офат зарардида, дастрас кардани кумакҳои моддӣ, маводи ниёзи аввал ва масолеҳи сохтмонӣ ба онҳо, инчунин бо бунёди як қатор иншооти муҳим мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии мардуми Бадахшон мебошад.