Нигоҳе ба соҳаи туризм дар Тоҷикистон
Нашр шуд. Сеш, 15/08/2017 - 09:20
«Тоҷикистон, баробари ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ табиати зебо ва имкониятҳои нотакрори саёҳатӣ, махсусан туризми кӯҳиро дорад.
Қаторкӯҳҳои зебо, шаршараҳои мусаффо ва дигар манзараҳои беназири Тоҷикистон ҷаҳонгардонро ҳар сол ба Тоҷикистон ҷалб менамоянд.
Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва инфрасохторӣ фароҳам овардааст.
Дар доираи барномаҳои давлатии рушди соҳа низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ роҳандозӣ гардида, барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст.
Таъсиси минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ дар онҳо идома дорад.
Дар натиҷа, шумораи сайёҳон тайи солҳои охир мунтазам афзоиш ёфта то ба 500 ҳазор нафар расидааст.
Тибқи нақшаи миёнамуҳлат ин миқдор то ба 1 миллион нафар расонида мешавад».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон