Нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали 2022 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумита оид ба фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 изҳори назар намуда, ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон доир ба рафти татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, ба моҳвора пайваст намудани шабакаҳои навтаъсиси телевизионӣ, ҳамкориҳои кумита ва сохторҳои он бо муассисаҳои олии таълимии соҳавӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳибкасб, барномаҳои такмили тахассуси ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ, беҳдошти сатҳу сифати барномаҳои телевизионию радиоӣ, таҳкими потенсиали техникӣ ва эҷодии шабакаҳои телевизионию радиоӣ, нақшаи бунёди хонаи истиқоматӣ барои кормандон ва ғайра посухҳои мушаххас дод.
Таъкид шуд, ки ин давра дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021—2025» 1 апрели соли 2022 ҳамчун самараи неки сиёсати фарҳангпарварона ва таваҷҷуҳу ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба фаъолият шурўъ намуд. Муассиса ҳамарўза барои бинандагон силсилаи намоишҳои иттилоотӣ, маърифатӣ, фарҳангию фароғатӣ, ролику лавҳаҳои тарғиботии инъикоскунандаи бахши сайёҳию ҳунармандии мамлакатро таҳия ва пешниҳод менамояд. Тибқи иттилои Нуриддин Саид айнизамон Кумита масъалаи ба моҳвора пайваст намудани ТВ “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ТВ “Илм ва табиат” бо ширкати “Ал-Майсан”- Аморати Муттаҳидаи Араб баррасӣ дорад ва аз рӯи мувофиқаи пешакии тарафҳо, шабакаҳои номбурда низ дар қатори дигар шабакаҳои втанӣ дар арафаи 31 –солагии истиқлолияти давлатӣ ба моҳвора пайваст хоҳад шуд.
Ба масъалаи такмили тахассуси ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ дахл намуда, раиси Кумита, изҳор дошт, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО–и Тоҷикистон” 10 машғулияти омўзишӣ гузаронида шуда, дар он 115 нафар кормандони эҷодию техникии шабакаҳои телевизионию радиои марказӣ ва минтаќавӣ, инчунин матбуоти даврӣ иштирок намуда, ба 84 нафар гувоҳнома (сертификат) супорида шуд. Ҳамчунин дар оғози соли 2022 Академия аввалин маротиба барномаҳои такмили ихтисосро дар шакли китоби алоҳида таҳия намуд, ки он дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм чоп гардид.
Айни замон Кумита 2 барномаи давлатии соҳавӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2020-2024” ва "Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025"-ро татбиқ менамояд, ки дар нимсолаи якуми 2022 тибқи нақша вазифаҳои пешбинишуда, ба таври қаноатбахш иҷро гардиданд.
Баъди иҷрои марҳилаи дуюми “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” сатҳи фарогирӣ бо пахши рақамӣ дар ҷумҳурӣ ба 78,7% расонида шуд. То анҷоми барнома сатҳи фарогирӣ бо пахши рақамӣ дар мамлакат ба 100 фоиз расонида хоҳад шуд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ, ҳамчунин доир ба фаъолияти шабакаҳои соҳавӣ, бахусус ТВ “Варзиш” ва ҳамкориҳои шабакаи мазкур бо дигар шабакаҳо сухан рафт. Дар ин бобат ва масъалаҳои дигар марбут ба фаъолияти сохторҳои Кумита рӯзноманигорон ба суолҳои зхуд посухҳои қаноатбахш гирифтанд.