Носир Саид: Тавассути барномаҳо сатҳи забондонии тамошобинонро баланд мебардорем
Соли 2019 идораи таҳияи филмҳо ва дубляжи Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 62 адад филми бадеиро дар ҳаҷми 6 820 дақиқа ё зиёда аз 113 соат дар мавзӯъҳои гуногун тарҷума ва дубляж карда, пешниҳоди бинандагон гардонидааст, иттилоъ дода шуд имрӯз, 5 феврал зимни нишасти матбуотии муассисаи мазкур.
«Яке аз ҳадафҳои бо забонҳои русӣ ва ҳатто баъзан бо зернавиштҳои тарҷумашудаи забони англисӣ пешниҳод намудани филмҳои мустанад дар телевизиони «Сафина»- ин баланд бардоштани сатҳи забондонии тамошобини имрӯзаи тоҷик ба ҳисоб меравад», — иброз дошт директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Носир Саид зимни нишасти имрӯза. Ба гуфтаи номбурда, пешниҳоди филмҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ тариқи телевизиони «Сафина» ҳамарӯза набуда, балки дар баробари ин, телевизиони мазкур инчунин филмҳои зиёди забони аслашон тоҷикӣ ва ё ба забони тоҷикӣ тарҷумашударо низ як рӯз пас аз пахши филмҳо бо забонҳои хориҷӣ пешниҳоди тамошобинон мегардонад.
Ба иттилои манбаъ, телевизиони «Сафина» барои ҷалби таваҷҷуҳи тамошобинон аз хориҷи мамлакат, бахусус кишварҳои забони давлатиашон русӣ барномаҳои махсуси забони русиро низ таҳия ва пешниҳоди тамошобинони русзабон мегардонад. «Танҳо дар телевизиони «Сафина» дар баробари пешниҳоди филмҳои мустанад бо забони русӣ, инчунин 4 барномаи дигар бо ҳамин забон пешниҳоди тамошобинон мегардад»,- изҳор дошт Н. Саид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» барои беҳтар кардани сифати барномаҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориву табодули таҷриба бо шабакаҳои телевизионии хориҷи мамлакат низ корҳои назаррас ба анҷом расонида, айни замон ҳамкориро бо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Корея ба роҳ мондааст.
АМИТ «Ховар»