Пагоҳ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Телевизиони Сафина нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
7 феврал Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти соли 2018 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», Кумитаи телевизион ва радио соати 09:00 дар толори Кумита ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи мазкур бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Нишасти матбуотии роҳбарияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баргузор мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»