Паймони марказҳои зеҳнии Чин + Осиёи Марказӣ таъсис меёбад

2 июн муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар Конфронси маҷозии байналмилалӣ таҳти унвони «Паймони марказҳои зеҳнии Чин + Осиёи Марказӣ» иштирок карда, дар ҳошияи ҷаласаи аввал  сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарон ва коршиносони ниҳодҳои илмӣ ва таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин низ сухан  гуфтанд.

Иштирокчиён дар суханрониҳои худ баррасии масоили муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар доираи формати «Чин + Осиёи Марказӣ» мавриди таҳлил қарор дода, формати мазкурро барои рушди минбаъдаи минтақа муҳим арзёбӣ карданд.

Давлатҳои иштирокчӣ ташаббуси Чин дар бораи таъсиси Паймони марказҳои зеҳнии Чин + Осиёи Марказиро ҷонибдорӣ намуда, оид ба эълони ташаббуси муштараки таъсиси Паймони мазкур қарор қабул намуданд.

Ҷонибҳо бо назрадошти омӯзиши таҳдиду хатарҳо, масоили рушди устувори минтақа ва дигар омилҳо, таъсиси Паймони марказҳои зеҳнии Чин +Осиёи Марказиро барои шарикии стратегии ҳамаҷониба ва рушди устувори кишварҳои иштирокчӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Институти тадқиқоти Роҳи Абрешими Донишгоҳи Шимолу Ғарбии шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шакли маҷозӣ доир гардид.