ПАРВИН
Лоиҳаи телевизионии «Парвин» тариқи телевизиони "Баҳористон" пахш гардида, он ба хотири мустаҳкам намудани тарбияи наврасон, бедор намудани ҳисси муҳаббат ва дӯстдории наврасон нисбат фарҳанг ва арзишҳои миллӣ равона гардидааст. Инчунин, ин лоиҳа дар шинохт ва кашфи наврасони соҳибистеъдод дар заминаи мусиқии суннатӣ мусоидат мекунад.
Дар асоси ин лоиҳа наврасони боистеъдод аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ ҳаққи иштирокро доранд. Ҳакамон истеъдод ва маҳорати иштирокчиён-наврасон, дастаҳои ҳунарӣ, ансамблҳои рақсӣ, навозандагон, дастаҳои ҳамсароён (хор) ва ғайраҳоро бо холҳо баҳогузорӣ мекунанд.
Ғолибон ва истеъдодҳои алоҳидае, ки писанди тамошобинон мегарданд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд. Инчунин, "Сипоснома"-и телевизиони "Баҳористон" барои ҳавасмандӣ ва ташҷеи иштирокчиён супорида мешавад.