Парчами миллӣ сари баланди мост

Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад. Аз ин рӯст, ки парчами миллӣ аз ҳар яки мо одоби хосаи муносибатро талаб дорад. Дастури парчамдорӣ, муносибат бо парчамро бояд ҳар яки мо бидонем ва мувофиқ бар он рафтор намоем. Оре, Парчами миллӣ танҳо он дирафше нест, ки мо онро болои сар мебардорем. Парчами миллӣ рамз аст, рамзи бегазанди ҳастии ҳар халқ.
Ҳар яки мо бояд дар назди Парчами миллӣ ватандӯстона эҳтиром зоҳир бикунем, ҳамеша, дар ҳама ҷо, дар ҳар маврид онро пос дорем, барои ҳимояи он, пок  ва муқаддас доштани он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, пос доштан ва ҳимоя кардани падару модар, хонаводаву фарзандони худ, пос доштани рӯҳи гузаштагон, пос доштани таъриху суннатҳои халқи худу кишвари худ аст.
Боиси хурсандиву сарфарозист, ки Парчами миллии мо дар маркази шаҳр, дар анқариби Қасри миллат, анқариби Нишони давлатии Тоҷикистон, дар баландие, ки аз ҳама ҷониби шаҳр ба чашм намоён аст, афрохта шудааст. Баландтарин ва пуршукӯҳтарин парчами рӯи замин аст. Барои мо, тоҷикон, ки аз халқҳои куҳанбунёди олам ҳастем, ин парчам на танҳо аз ҷиҳати қадафрозиву паҳноварӣ дар дунё баландтарину бузургтарин аст. Барои мо шаъну шукӯҳу қимати ин парчам дар дунё аз ҳама баландтарин аст. Шояд фардо боз парчамҳои баландтаре сохта шаванд, ба китоби Гиннес ворид гарданд, аммо парчами Тоҷикистон барои мо ҳамеша баланд хоҳад буд, зеро баландии қадри он, на қадди он, баландии шаъну шукӯҳи он, на азамати он ҳаргиз барои ҳар ватандӯст поён нахоҳад рафт.
Вақте ки кишварҳо бар сари нанг меоянд, ба по мехезанд, дар зери парчами худ саф меороянд ва парчами худро болои сар мебардоранд, роҳнамои худ мекунанд, зеро шукӯҳи парчам, нангу номуси парчамдорӣ, яъне ватандорӣ намегузорад онҳо мағлуб шаванд, таслим гарданд, зеро қимати Парчами миллӣ, шаъну шарафи он дар баробари ҷон, балки волотар аз он аст. Ба даст овардани парчами душман маънои шикаст хӯрдан, мағлубияти ӯро дорад. Афрохта шудани парчами Шӯравӣ дар поёни Ҷанги  дуюми ҷаҳонӣ дар Рейхстаги Олмон нишони пирӯзии Шӯравӣ бар фашистон буд.
Ҳар куҷое Парчами миллӣ боло мешавад, нишони пирӯзию ғолибияти он миллат аст. Боло шудани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишии дунё низ нишони пирӯзии мардуми мост. Ҳар боре дар форуму ҷамъомадҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо баргузор мегарданд, парчамҳои парафшони дигар кишварҳоро дар қатори парчами миллии худамон мебинем, ҳисси шарафу ифтихор моро фаро мегирад, зеро вақте парчамҳои миллии дигар кишварҳо ба ҳам меоянду аз як насим- насими ҳамдилӣ алвонҷ мехӯранд, бо дурахшу гуногунрангии худ ба дилҳо фараҳ мебахшанд, ин нишони дӯстиву бародарист, ин нишони тинҷиву осоиштагӣ, ин нишони хушбахтии инсоният аст. Бигзор ҳамеша чунин бошад! Бигзор ҳамеша дар саҳнаҳои гирдиҳамоиву чорабиниҳои муштараку дӯстонаи мо теъдоди парчамҳои гуногунранг ҳар чи бештару бештар гарданд ва ин парчамҳо ҳар чи бештар меҳмони ҳамдигар бошанд, ки нишони тинҷиву осоиштагиву дӯстиву бародарист, зеро Тоҷикистон кишвари сулҳдӯст аст, зеро халқи мо халқи некхоҳ, башардӯсту инсонпарвар аст. Бузургони мо ҳамеша дӯстиро ситудаанд ва Тоҷикистони биҳиштосои мо, Ҳукумати мо низ аз рӯзҳои нахустин сиёсати дӯстию бародарӣ ва дарҳои кушодро пеш гирифт. Ҳар ки бо нияти пок, дӯстонаву хайрхоҳона ба диёри мо меояд, дари дилу дари хонаҳои мо ба рӯи ӯ боз аст. Аммо сарзамини тоҷикон сарзамини нангу ор аст, кӯҳсори сангини ӯ агар бар пешвози меҳмон гулҳои рангину тоза ба армуғон орад, бар сари душманон санги аҷал хоҳад рехт.
Боиси ифтихору сарфарозии мост, ки Парчами миллии тоҷикон таърихи чандинҳазорсола дорад. Нахустин Парчами миллии мо пешбанди чармини Коваи оҳангар гардид. Нахустин Парчами миллии мо парчами адолатхоҳӣ буд, ки бо тақозои халқ Коваи оҳангар пешбанди чармини худро аз миён кушодаву ба нӯги найза баст, болои сар бардошт ва пӯёи адолат ба роҳ баромад ва мардум дар зери ин парчам аз паси Коваи оҳангар барои додхоҳиву бунёди адолат бар зидди Заҳҳоки морон бархостанд.
 Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безавол ин манзараро чунин тасвир кардааст:
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
 
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
 
Ҳаме бар хурӯшиду фарёд хонд,
 
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд,
 
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
 
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,
 
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
 
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.
 
Ва Коваи оҳангар нахустин парчамбардори таърихи мо дар зери ин парчами доду адолат халқро ба даргоҳи Фаридун овард ва мардум аз Фаридун даъват карданд, ки зери ин парчами доду ситод тахти Каёнро соҳибӣ кунад ва мардумро ба сӯи пирӯзиҳои инсонӣ раҳнамо бошад.
 
Фаридун чун ин дирафши ковиёниро бидид, дар ӯ фоли некро дарёфт ва онро қабул кард. Сипас ӯ ин парчамро ороиши тозае дод бо дебои Рум ва зару гавҳар ва онро парчами кишвар, парчами Эронзамин, парчами тахти каён сохт. Ин ҳолатро ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволаш чунин таҷассум кардааст:
 
Чу он пӯст бар найза бардид, кай
 
Ба некӣ яке ахтар афканд пай
 
Биёрост онро ба дебои Рум,
 
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.
 
Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
 
Яке фоли фаррух пайафканд шоҳ.
 
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
 
Ҳаме хондаш “Коваёнӣ дирафш”.
 
Сипас, баъд аз Фаридун ҳар шоҳе, ки бар тахти Каён меомад, аз худ нақшу нигоре, зеваре бар ин парчам зам менамуд, то шукӯҳи ин парчам афзунтар бошад, то ҳадде, ки ин парчам аз симу зар нурафшон гардида буд ва шабҳо нури он оламро равшан мекард:
 
Аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ
 
Ба шодӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ
 
Бар он бебаҳо чарми оҳангарон
 
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон,
 
Зи дебои пурмояву парниён
 
Бар он гуна гашт ахтари ковиён,
 
Ки андар шаби тира хуршед буд ,
 
Ҷаҳонро аз ӯ дил пуруммед буд.
Дар ин сатрҳои ҳакими Тӯс ба як ҷиҳат бояд аҳамият дод. Ба он оҳанги мутантани гуфтори Фирдавсӣ, вақте ӯ дар бораи дирафши ковиёнӣ, аввалин Парчами миллии мо, сухан мекунад. Сухани Фирдавсӣ дар ин маврид пур аз эҳсосоти ватандӯстиву адолатпарварӣ, ифтихору арҷгузорӣ ба ин аввалин парчами миллии мост. Ин далели он аст, ки шоири бузург чӣ қадар арҷ гузоштааст ба ин парчам, ба нақши бузург ва ҳадафи хуҷастае, ки парчами каёнӣ пайгирӣ кардааст.
Ин аст, ки шарафу нангу ифтихори парчамдорӣ дар вуҷуди миллати мо ҳанӯз чандин ҳазорсола пеш афрӯхта шуда буд. Ин аст, ки имрӯз баъд аз ҳазорсолаҳо, баъди ба вуқӯъ пайвастани армони дерини халқамон, озодиву истиқлолияти миллӣ халқи тоҷик бо чӣ нишоту фараҳ ва ифтихори бузург аз Парчами миллӣ истиқбол намуданд. Аз ин рӯ дар муносибат ба Парчами миллиамон- ин муқаддасоти Ватан бояд бисёр эҳтиёткор бошем, Парчами миллӣ сари баланди мо, ифтихори мо, шарафи мост, ки қиматар аз ҷон аст. Бинобар ҳамин, муносибати мо ба Парчами миллӣ бояд фавқулодда боэҳтиромона ва эҳтиёткорона бошад.
Аввало, ин ки Парчами миллӣ танҳо дар ҷойҳои сазовор бояд афрошта шавад, на дар ҳар вайронае.
Дуввум, ин ки ҳар ҷое, ки Парчами миллӣ афрошта мешавад, бояд тозаву озодаву арзанда бошад.
Сеюм, Парчами миллӣ дар ҳар ҷое, ки афрохта мешавад, бояд таҳти назорату нигаҳбонӣ қарор гирад. Ба олудагиву берангии он роҳ дода нашавад. Теъдоди зиёди онро дар ҳар ҷойи даркору нодаркор, бақадру беқадр набояд овехт.
Чаҳорум, танҳо шоистатарин фарзандон сазовори бардоштани парчами миллӣ мебошанд ва онро набояд ба дасти  ҳар кас дод.
Панҷум, дӯхтани либос, сару тан ба тақлиди Парчами миллӣ ва рангҳои он беадабие беш нест. Набояд ба ин роҳ дод, аз рангҳои Парчами миллӣ танҳо дар мавриди бунёди ягон пешниҳоди фавқулодда, бо тарҳи сатҳи баланд шояд тавон истифода кард.           Аслан он чи мансуб ба Парчами миллӣ аст, ин муқаддасоти мост, набояд бо дигар чизҳо нишонаҳои онро омехта кард ё кӯчонд.
Шашум, бо ворид шудани Парчами миллӣ дар ҳама толорҳо бояд ба по хест ва ба он эҳтиром зоҳир кард.
Ҳафтум, дар китобҳои дарсиву дастурҳо барои наврасону ҷавонон мо ба ғайр аз сифату маънидоди Парчами миллӣ, бояд тарзи нигоҳдошти он, мавридҳои истифодаи он, муносибат бо онро низ  дастур диҳем. Ва дар мактабҳо гумон мекунам, дарсе, соате таҳти унвони “парчами миллӣ” бояд роҳандозӣ кард, то фарзандони мо моҳияти онро ҳамаҷониба биомӯзанду бидонанд.
Дар истифодаи тасвири Парчами миллӣ дар либосу сарпӯшҳо, чунон ки гуфтем, низ бояд эҳтиёд кард. Истифодаи он ба ҷои галстуки мактабӣ шояд роиҷ бошад, аммо ба шарте, ки ин галстук ҳамеша  тоза ва дарзмолшудаву бедоғ бошад. Ё аслан ин масъаларо бори дигар аниқтар дидан даркор аст.
Хуллас, парчам барои инсонҳо маънову ҳадаф ва аҳамияти хосса дорад ва ин моро водор мекунад, ки муносибати худро ба он муайян кунем. Парчам - даъват ба ҳимояи Ватан, парчам-  даъват ба сулҳу дӯстӣ, парчам дар маҷмӯъ рамзи инсоният аст. Ҳар қитъаи наве, ки дар замин кашф гардид, ҳар қуллаи наве, ки фатҳ шуд, аввалин нишоне, ки ба он гузошта мешавад, парчам аст, парчами он халқу он кишварест, ки ба ин фатҳ ноил гардидааст.
Аммо, шояд замоне расад, ки инсоният аз ҳама парчамҳои мавҷудбуда як парчам созад. Парчами ягонагии инсонҳо, парчами ягонагии Замин, парчаме, ки дар зери худ инсониятро ба ҳам орад, парчаме ки баъд аз фатҳи сайёраҳои нав ситораҳои нави кайҳонӣ аз номи заминиён бар он афрохта шавад. Ин, албатта, орзу ва ормони башардӯстонаест.
Вале ҳақиқат ин аст, ки ҳар субҳ, вақте аз хона бурун меоям, ба сӯи коргоҳ мешитобам, аз дури дур ҳатман чашмам ба он парчамибаланд, парчами зебову парафшони миллиамон мефтад. Як ҳисси фараҳу ифтихор, як ҳисси гарми ватандориву ватандӯстӣ бандаро фаро мегирад. Гумон мекунам, фараҳу ифтихоре, ки ҳар субҳ ин парчам ба ман мебахшад, тамоми рӯз раҳнамои ман аст. Ва ман бовар дорам, ки ҳар нафари дигари сокини ин диёр низ чунин аст, зеро Парчами миллӣ на танҳо ба мо эҳсоси ифтихор мебахшад. Ин парчам ба мо бештар аз он неру, бовар ва ғайратеро мебахшад ва моро бо ҳам ба сӯи истиқболи ояндаи неки Ватанамон раҳнамо аст.
Ин парчами баланд ҳар бор моро водор мекунад, ки барои дидани он сарамонро боло бардорем. Яъне, ин парчам сари моро баланд медорад, ба мо сарбаландӣ мебахшад. Гумон мекунам, чунин парчамҳо бояд дар ҳама шаҳрҳои бузурги Ватанамон афрохта шаванд, чунон ки дар Хуҷанд бунёд гардид, то ки ҳар субҳ чашми мардум аз он нур гирад, то ки ҳамеша дар зери ин парчам муттаҳид бошем, то ин парчам ба мо неруву бовар бубахшад.
 
КАМОЛ НАСРУЛЛО
ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН