Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ (ВИДЕО)
Ҳамватанони азиз!
Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад.
Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.
Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям.
Умедворам, ки соли нав барои халқи сарбаланди тоҷик соли бобарор ва марҳалаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ мешаванд.
Зеро соле, ки сипарӣ мегардад, барои мардуми кишварамон давраи заҳмати софдилона ба хотири пешрафти Ватани соҳибистиқлоламон буд.
Чанд рӯз пештар дастовардҳое, ки мо дар зарфи соли 2017 ба онҳо муваффақ шудем, инчунин, вазифаҳо барои соли оянда дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии мамлакат муфассал баррасӣ шуданд.
Имрӯз ҳамаи мо шукрона мекунем, ки бо иродаи қавии мардуми соҳибмаърифату куҳанбунёдамон дар сарзамини аҷдодиамон сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмрон аст ва сокинони мамлакат ба хотири ояндаи неки Ватан сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Зеро маҳз ҳамин фазои орому осудаи кишвар аст, ки дар соли 2017 низ мо тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳтар гардонидани шароити рӯзгори сокинони мамлакат сафарбар намуда, дар ин самт силсилаи иқдомотро амалӣ намудем ва ният дорем, ки ин равандро босуръат идома бахшем.
Бо дарназардошти нақш ва ҷойгоҳи хоссаи ҷавонони кишвар, ки сарнавишти ояндаи миллату давлатамон ба уҳдаи онҳо вогузор карда мешавад, соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шуд, ки ин иқдом боиси боз ҳам афзудани дастовардҳои ҷавонони бонангу номуси мо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишӣ гардид.
Бовар дорам, ки ҷавонони ғаюру далер ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик якҷо бо мардуми ободгару ҳимматбаландамон минбаъд низ ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, густариши ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маърифат ва умуман, пешрафти Ватани маҳбубамон саъю талош хоҳанд кард.
Дар иртибот ба ин, хотирнишон месозам, ки ҳар яки мо бояд дар соли нави мелодӣ бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои боз ҳам мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои он, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ кӯшиши бештар ба харҷ диҳем, бо дарки рисолати олии ватандорӣ содиқона заҳмат кашем, тамоми нерӯву имконият ва донишу таҷрибаи худро ба ободонии сарзамини муқаддасамон равона созем.
Хусусан, дар айёме, ки манфиатҷӯиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии қудратҳои ҷаҳонӣ торафт шиддат пайдо карда, дар натиҷа вазъи сайёра рӯз ба рӯз мураккабу буҳронӣ шуда истодааст, ҳамаи мо вазифадорем, ки барои ҳимояи истиқлолияту озодӣ, яъне неъмати бузургтарини зиндагиамон ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонунияту тартибот, омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва ободонии сарзамини аҷдодӣ тарбия кунем.
Тавре ки дар Паёми худ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат изҳор доштам, мо бояд аз ҳоло омодагиро ба истиқболи сазовори 30 — солагии истиқлолияти давлатиамон оғоз намоем.
Итминон дорам, ки аз рӯзҳои аввали соли нав кору фаъолияти созанда ва заҳмати ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба номи мубораки истиқлоли Ватан сафарбар мегардад.
Орзумандам, ки соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон соли суботу оромӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои боз ҳам бештар гардида, ҳамаи нақшаву ниятҳои неки онҳо бо заҳмати ватандӯстонаи ҳар як фарди Ватан ва азму талоши созандаи мардуми шарафмандамон амалӣ шаванд.
Бори дигар фарорасии соли нави мелодиро барои ҳамаи ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон суботу оромии ҷовидона орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!