Паёми телевизионии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Нашр шуд. Пан, 05/11/2015 - 09:24
Ҳамватанони азиз!
Бисту як сол муқаддам дар кишвари мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид ва мо ин рӯзи воқеан таърихиро ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил мекунем.
Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷи¬кистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.
Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.
Аз ин рӯ, ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол шуморида мешавад.
Майлу иродаи қавии мардум ҳангоми қабули Конститутсия роҳбарияти давлат ва Ҳукуматро ба шоҳроҳи азими дигаргунсозиҳои сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт, ки натиҷаҳои ин раванди нек ба ҳама маълуманд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демок¬ратӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Ҳамчунин, Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.
Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқ¬лоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демок¬ратӣ, ҳуқуқ¬бунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷо¬ни¬баи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон дар муносибатҳои хориҷии худ сиёсати дарҳои кушодаро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкори¬ҳои мутақобилан судманд бо давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ дар асоси принсипи баробарӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ эълон дошт.
Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститут¬сионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд.
Баъдан тамоми низоми қонунгузории миллӣ ба муқаррароти Конститутсия мувофиқ гардонида шуда, фаъолияти парламенти касбии кишвар ба таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлату миллат, густариш бахшидани раванди демократикунонии ҷомеа ва пешбурди бомароми ислоҳоти иқтисодиву ҳуқуқӣ равона гардид.
Фаъолияти озоди иқтисодиву соҳибкорӣ дар асоси кафолатҳои конститутсионӣ тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвари моро таъмин намуд ва барои муайян карда¬ни сиёсати мутавозин, хусусан, дар самти паст кардани таъсири манфии буҳ¬ронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллиамон асоси боэътимод гузошт.
Гузашти солҳо ҳар қадар моро аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дур мебарад, дурустии интихоби роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамон қадар возеҳу аён мегардад.
Мо дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.
Бинобар ин, кулли мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар сулҳу оромӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракат орзу мекунам.
Бигзор Конститутсия абадан чароғи роҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бошад!
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!