Пешвои миллат ва ҷавонон
Нашр шуд. Душ, 09/01/2017 - 19:45
«Таълиму тарбияи насли наврас ҷузъи таркибии фарҳангии мардуми куҳанбунёди мо буда, ҷавҳарест, ки миллатро пойдору ҷовидон нигоҳ медорад.
Хусусан дар замони муосир, ки ба амал омадани таҳаввулоти куллӣ дар ҷаҳонбиниву тафаккур ва назари ҷавонон ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ хусусияти хоси он мебошад, фарҳанги тарбияи насли босаводу ояндасоз аҳаммияти аввалиндараҷа касб карда, ин раванди муҳим бояд таҳти назорати ҷиддии давлату ҷомеа, мактабу маориф, устодону омӯзгорон ва падару модарон қарор дошта бошад.
Тарбияи насли босаводу донишманд ва кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат муҳимтарин вазифа ва бузургтарин хизмати соҳаи маорифи кишвар дар ҳифзи давлатдории миллиамон хоҳад буд».
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон